Пайвандҳои дастрасӣ

Дастури Медведев барои таҳқиқи мавориди фасодкорӣ


Дмитрий Медведев, раиси ҷумҳури Русия, амр додааст, то гузоришҳо дар мавриди фасодкорӣ зимни бунёди таъсисоти лозим барои бозиҳои олимпии соли 2014 дар шаҳри Сочӣ таҳқиқ шавад. Рӯзномаи “Новая Газета» навиштааст, мақомҳои баландпояи дастгоҳи раёсати ҷумҳури Русия барои додани ҳаққи сохтмон дар шаҳраки олимпӣ аз ширкатҳои сохтмонӣ даҳҳо ҳазор доллар талаб кардаанд. Дмитрий Медведев ба Юрий Чайка, додситони кулли Русия амр додааст, то ин гузоришҳоро таҳқиқ карда ва доир ба натиҷаҳояш ба ӯ хабар диҳад.
XS
SM
MD
LG