Пайвандҳои дастрасӣ

Обама хостори раҳоии фаврии се амрикоӣ дар Эрон шуд


Барак Обама, раиси ҷумҳури Амрико хостори раҳоии фаврии се сайёҳи амрикоие шуд, як сол пеш дар Эрон боздошт шуданд. Барак Обама зимни баёнияи расмие гуфтааст, он се нафар, ҳеҷ гоҳ барои ҳукумати Амрико кор накардаанд, гуноҳе ҳам накардаанд ва бо ҳукумати Эрон ҳам баҳсу даъвое надоштаанд. Шейн Бауери 27-сола, Сара Шроуди 31-сола ва Ҷош Фатали 27-соларо мақомоти Эрон соли гузашта дар манотиқи марзии Эрону Ироқ боздошт карданд. Барак Обама, гуфтааст, “боздошти ноодилонаи” он се нафар мухолифи аҳдномаҳои байналмилалии ҳуқуқи инсон аст ва ба масоиле, ки боиси ихтилофи Амрико ва ҷомеаи байналмилал бо давлати Эрон шудааст, ҳеҷ иртиботе надорад.
XS
SM
MD
LG