Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Олмон қурбониёни "Раҳпаймоии ишқ"-ро ёд мекунад


Интизор меравад, дар маросими гиромидошти хотири 21 нафаре, ки дар як ҷашнвораи мусиқӣ дар Олмон ҳалок шуданд, даҳҳо ҳазор нафар ширкат кунад. Ангела Меркел, садри аъзам ва Кристиан Вулф, раиси ҷумҳури Олмон низ дар ин маросим дар шаҳри Дуисберг, ки фоҷиа як ҳафта пеш дар онҷо ба вуқӯъ пайваст, ҳузур хоҳанд дошт. Дар ҷашнвораи мусиқии “Раҳпаймоии ишқ” дар ҳафтае пеш бар асари вуруди беш аз ҳадди мардум ба вурудгоҳи ҷойи ҷашн 21 нафар ҳалок ва бештар аз 500 тани дигар захмӣ шуданд.
XS
SM
MD
LG