Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бедодгариҳои табиат дар шимоли Покистон


Созмони Милали Муттаҳид мегӯяд, обзехиҳои фалокатбор дар шимоли Покистон, ба бештар аз 1 миллион нафар осеб расонида ва тақрибан 430 нафарро куштааст. Муассисаи ҳамоҳангсози кӯмакҳои башарии Созмони Милал мегӯяд, Покистон аз соли 1929 то кунун шоҳиди чунин обхезии маргбор нашуда буд.

Маъмурони наҷот ва сарбозони покистонӣ амалиёти кӯмак ба садҳо ҳазор нафар аз осебдидагони обхезии фалокатбор дар ин кишварро идома медиҳанд.

Ба гуфтаи мақомоти расмии Покистон, бар асари боронҳои пайдарпай ва ярчу обхезӣ дар манотиқи шимолуғарби кишвар, садҳо ҳазор тани дигар хонаҳояшонро тарк кардаанд.

Зоҳиран, теъдоди қурбониёни фалокати табиӣ бештар хоҳад шуд. Бедодгарии табиат бештар аз ҳама дар вилояти ноороми Хайбар Пахтунхва ва Кашмири таҳти контроли Ҳинд ба чашм мерасад, ки дар ҳарду минтақа садҳо хона, киштзорҳои васеъ, пулу роҳҳои зиёд вайрону валангор шудааст.

Бино ба гузоришҳо, бар асари обхезиҳо иртиботи нақлиётӣ бо шаҳри бузурги Пешовар ва ноҳияҳои шимолуғарбии Свот ва Шангла қатъ шудааст.

Pakistan Floods
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:02 0:00
Линки мустақим
XS
SM
MD
LG