Пайвандҳои дастрасӣ

Отунбоева аз Чеченистони дувум ҳушдор дод


Раисиҷумҳури Қирғизистон, Роза Отунбоева, имрӯз дар шаҳри Уш ба издиҳоми ҷавононе, ки ба вуруди полиси байнулмилали фиристодаи Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо мухолифат мекунанд гуфт, кишвараш ба кӯмаки фаврии нерӯҳои амниятии байнулмилалӣ эҳтиёҷ дорад ва бе онҳо метавонад ба Чеченистони дувум табдил ёбад. Вай гуфт: "Ба фикри ман, Қирғизистон бояд ба гунае аз ин бӯҳрон берун шавад. Агар мо чунин роҳро пайдо накунем, он гоҳ бо ҳам хоҳем ҷангид. Тавре ки русҳо мегӯянд, аз ҳам интиқом хоҳем гирифт. Ва Қирғизистон ба як Чеченистон табдил меёбад. Мо аз ҷанги чирикӣ дар фосилаи як қадамем."
Бино бар тасмими САҲА 52 корманди бесилоҳи полис аз кишварҳои узви он ба ҷануби Қирғизистон фиристода мешаванд. Дар хушунатҳои ин ҷо зиёда аз 300 нафар кушта ва 75 ҳазор нафар бехонумон шудаанд.
XS
SM
MD
LG