Пайвандҳои дастрасӣ

Тазоҳуроти афғонҳо бо эътироз аз тақҳири Қуръон


Дар ҷараёни тазоҳурот дар шаҳраки Теренкоти Афғонистон бархе аз сарбозони нерӯҳои таҳти сарварии НАТО дар Афғонистонро дар беэҳтиромӣ ба Қуръон, китоби муқаддаси мусулмонон, айбдор карданд. Яке аз тазоҳуркунандагон гуфт, чанде аз ҳамдеҳагонаш сарбозони Нерӯҳои байнулмилалии кӯмаки амниятӣ ба Афғонистонро дар ҳоли дарондани сафҳаҳои Қуръон ва зери по кардани он дидаанд. Тазоҳуркунандагони хашмгин порчаҳои коғазро, ки гуфта мешавад, китоби тахрибшудаи Қуръон аст, ба волии вилояти Урузгон расондаанд. Талошҳои полис барои пароканда кардани тазоҳурот ба хушунатҳо кашонид ва сардори полис мегӯяд, чаҳор корманди полис аз сангпартоии эътирозгарон маҷрӯҳ шудаанд.
XS
SM
MD
LG