Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Рӯёрӯии тоҷикон ва қирғизҳо дар марзи Бодканду Исфара


Даҳҳо сокини деҳаҳои Сурхи ноҳияи Исфараи Тоҷикистон ва Оқсойи ноҳияи Ботканди Қирғизистон барои замин вориди рӯёрӯӣ шудаанд. Шоҳидони айнӣ мегӯянд, баҳс дар ҳоле сар задааст, ки қирғизҳо хостаанд, бахше аз қаламрави Тоҷикистонро ишғол кунанд. Сироҷиддин Кароматдинов, раиси кумитаи заминсозии Исфара ба радиои Озодӣ гуфт:
“Санаи 27 уми июл як гурӯҳ сокинони қирғиз дар замини зардолузор, ки он миёни деҳаи Сурх бунёд шудааст, ба тақсиму деворкунӣ сар кардаанд. Ҷониби қирғизҳо маъмулан дар ҷойҳое, ки ишғол мекунанд зуд ба деворкунӣ мепардозанд. Худи ҳамон рӯз кормандони кумитаи заминсозӣ, ҳамроҳи масъулини мақомот ба ҷои ҳодиса сафарбар шуданд ва онҳоро то демаркатсия шудани заминҳои марзӣ аз чунин амалашон боздоштаанд”.
Дар ҳоле ки ҳукуматҳои Тоҷикистон ва Қирғизистон аз шаҳрвандони хеш хостаанд то аломатгузории хатти марз, дар қаламравҳои баҳсталаб биное боло накунанд, Сироҷиддин Кароматдинов мегӯяд, то ҳоло наздик ба 30 ҳектор замини баҳснокро қирғизҳо аз они худ кардаанд. Мақомоти Қирғизистон низ гуфтаанд, танҳо дар сурати ба анҷом расонидани нишонагузории хатти марз метавон аз низоъҳои эҳтимолӣ ҷилавгирӣ кард.
XS
SM
MD
LG