Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалокати 20 нафар дар сӯхторҳои Русия


Дар Русия бар асари гармои бесобиқа ҷангал ва буттазорон оташ гирифта, дар ин сӯхтор ба камияш 20 нафар кушта ва 3 тан бенишон шудаанд. Мақомоти Русия нерӯҳои мусаллаҳро ба хомӯш кардани сӯхторе фиристоданд, ки қариб дар 900 километри мураббаъ ё масоҳати баробар бо шаҳри Берлин паҳн шудааст. Сарвазири Русия, Владимир Путин, ба деҳаи Верхняя Верея дар Нижний Новгород сафар кард, ки аз комилан ба хокистар табдил ёфтааст. Вай ба 500 хонаводаи ин русто ваъда дод, ки давлат барояшон то зимистон хонаҳои нав хоҳад сохт. Аввалин бор дар 130 соли охир ҳарорати ҳаво дар Русия аз 38 дараҷаи Селсия боло рафтааст. Гармо инчунин ғалларо нобуд кард ва ҳазорон ширкати кишоварзиро муфлис намуд.
XS
SM
MD
LG