Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шикояти мудири "Сангтӯда 1" аз амалкардҳои Узбакистон


Мудири кулли ширкати "Сангтӯда 1" мегӯяд, дар натиҷаи муҳосираи энергетикии Тоҷикистон, ки Ӯзбакистон роҳандозӣ кард, ин нерӯгоҳ 20 миллион доллар зарар дидааст. Владимир Белов дар Душанбе ба хабарнигорон гуфт, хуруҷи Узбакистон аз шабакаи ягонаи энержии Осиёи Марказӣ нагузошт, нерӯгоҳи барқи обии "Сангтӯда 1" нерӯи изофии фасли тобистони худро ба ҷануби Қазоқистон интиқол диҳад. Белов аз осеби иқтисодии боздошти вагонҳои озими Тоҷикистон дар роҳи оҳани Узбакистон низ шикоят кард. Нерӯгоҳи "Сангтӯда 1" корхонаи муштараки Русия ва Тоҷикистон аст, ки саҳми Русия дар он 84 ва Тоҷикистон 16 дарсадро ташкил медиҳад. Мақомоти Русия ҳанӯз ба амалкардҳои Ӯзбакистон вокуниш нишон надодаанд.
XS
SM
MD
LG