Пайвандҳои дастрасӣ

Коршиносони масоили беҳдоштӣ дар вилояти Хатлон иддао доранд, ки табобати нашъамандон дар беморхонаҳои вижаи зиддинашъамандии минтақа номуассир ва дар аксар ҳолат, бидуни натиҷа анҷом мешудааст.

Доктори тиб Манижа Асадова, намояндаи як созмони ҷамъиятии маҳаллӣ мегӯяд, адами омори дақиқ дар бораи шумораи табобатшудагон аз бемории нашъамандӣ дар марокизи зиддинашъамандии минтақа, гувоҳи он аст, ки дар ин гуна дармонгоҳҳо аз усулҳои кӯҳнашудаи табобати нашъамандон истифода мешавад ё дастнорасоии беморон ба маводи мухаддир дар ин марокиз зери суол меравад.

Дар ҳамин ҳол, Моҳшариф ном зани 50-солаи сокини ноҳияи Бохтар, дар як сӯҳбати бидуни микрофон гуфт, писари вай дар маркази зиддинашаъмандии маҳаллӣ тӯли ду моҳ муолиҷа гирифта, аммо аслан шифо наёфтааст.

Ба иддаои хонум Моҳшариф, пас аз таҳқиқ чунин дарёфтааст, ки писараш дар беморхона ҳам ба воситаи афроди номаълум ба маводи мухаддир дастрасӣ доштааст. Вай афзуд, ба ин хотир ки вобастагии фарзандаш ба маводи мухаддир коҳиш наёфта, балки бештар шудааст, ӯро аз беморхона берун кашидааст.

Ва аммо масъулони Ожонсии назорат бар гардиши маводи мухаддир дар вилояти Хатлон, вуҷуди чунин имконро, ки гӯё дар беморхонаҳои зиддинашъамандӣ ҳам афроде дар тиҷорати ғайриқонунии маводи мухаддир даст доранд, рад мекунанд.

"Шароити табобати комили нашъамандон мавҷуд нест"

Вале дар ожонсии мазкур таъкид мекунанд, ки ҷиноятҳои вобаста ба қочоқи маводи мухаддир дар Хатлон имсол дар қиёс бо соли 2009-ум 84 маврид афзоиш ёфта, наздики 230 ҷиноят ба қайд гирифта шудааст.

Ин ҳам дар ҳолест, ки ба иқрори Ҷалолиддин Саймуддинов, корманди масъули ожонсии назорат бар гардиши маводи мухаддири Хатлон, дар воқеъ дар минтақа шароит барои шифои комил ёфтани нашъамандон таъмин нест:

«Албатта, баъд аз гирифтани табобат, бояд нашъамандон ҳатман дар муддати 60 рӯзи дигар дар Маркази реабилитатсионӣ зери назорати пизишкони ҳирфаӣ қарор бигирад. Аммо мутаассифона, ҳоло дар вилояти Хатлон як чунин марказ мавҷуд нест ва табобати нашъамандон бо мушкил пеш меравад. То ҳамин гуна марокизи реабилитатсионӣ бунёд нашаванд, шифо ёфтани беморони нашъамандӣ кори сахт аст…»

Дар ҳоле, ки ба иддаои коршиносон ва масъулони Ожонсии зидди маводи мухаддири Хатлон, табобат дар марказҳои зиддинашъамандӣ на ҳамеша натоиҷи чашминтизор медиҳад, Ҳасан Шокиров, сарвари маркази зидди нашъамандии вилояти Хатлон мегӯяд, масъулони маркази мазкур тамоми талош ва дониши худро барои раҳоии гирифторони нашъамандӣ аз вобастагӣ ба он масраф мекунанд.

"Бекорӣ - сабаби афзоиши нашъамандӣ"

Ба гуфтаи ӯ, сабаби аслии афзоиши шумораи нашъамандон надоштани шуғли муносиб ва бекории онҳо мебошад:

«Якум омиле, ки ба баландшавии шумораи беморони нашъаманд тарбияи нохуби оилавии онҳо, беаҳамиятии падару модарон ба фарзандон, ба мушкилот ва диду назари онҳо мебошад. Ба ғайр аз ин, пас аз тамом кардани мактабҳои миёна бисёр ҷавонҳо шароит надоранд, ки ба мактабҳои олӣ дохил шаванд, маълумот бигиранд, ба коре машғул шаванд. Бисёриҳо ба мардикорӣ мераванд, дар баробари саломатии масъулият эҳсос намекунанд. Ҳамин сабабҳо асосан одамонро ба нашъамандӣ мебарад…»

Ба гуфтаи ҷаноби Шокиров, роҳи аслӣ ва муассири пешгирӣ ва мубориза бо нашъамандӣ таъсиси ҷойҳои корӣ ва ба шуғли муносиб таъмин намудани ҷавонон мебошад.

Ин ҳам дар ҳолест, ки ба иттилои расмӣ, бахши аъзами гирифторони нашъамандиро одамони миёнасол ва қобили кор ташкил медодаанд.

Зафар Сайфуллоев, сардори раёсати ожонсии зидди маводи мухаддир дар вилояти Хатлон, мегӯяд, беш аз 65 дарсади беморони нашъамандӣ аз 30 то 59 сол доштаанд.

«Мувофиқи ҳисоботҳо, ҳоло дар қайди маркази бемориҳои нашъамандӣ 1160 нафар фақат нашъамандон, ки 27 нафари онҳо занҳояд ва 563 нафар истифодабарандагони маводҳои нашъаовар мебошанд. Аз рӯйи намуди маводи нашъаовар: 275 нафар бангдонаи ҳиндӣ, 46 нафар афюн, 831 нафар героин, ки аз онҳо 27 нафарашон занҳо мебошанд, 565 нафар бо роҳҳои сӯзандору ин маводро истифода мебаранд. Аз рӯйи сину сол, аз 18 то 29-сола 397 нафар, ки аз онҳо 16 нафарашон занҳо, аз 30 то 59-сола - 753 нафар, ки аз онҳо 11 нафарашон занҳо ва аз 60-сола боло – 10 нафарро ташкил менамояд…»

Гуфта мешавад, ояндаи наздик дар Тоҷикистон барномаи нави раҳоии нашъамандон аз вобастагӣ ба маводи мухаддир роҳандозӣ хоҳад шуд.

Усули нави муолиҷа

Ҷалолуддин Саймуддинов, корманди масъули Ожонсии назорат бар гардиши маводи мухаддир дар Хатлон, дар ин иртибот гуфт, ки дар навбати аввал барномаи мазкур нисбат ба маҳбусони зиндонҳои кишвар татбиқ хоҳад шуд ва дар сурати муваффақона анҷом ёфтани он, ин усули нави дармонбахшӣ дар беморони дигар ҳам истифода мешавад:

«Яке аз барномаҳои пешгирӣ аз нашъамандӣ, ки дар ҷаҳон амалӣ карда мешавад, ин аст, ки нашъамандонро аз героин ба дигар навъи камзарари маводи мухаддир «мешинонанд». Ин барнома дар баъзе кишварҳои Ғарб таҷриба мешавад ва бояд дар Тоҷикистон ҳам ҷорӣ карда шавад. Усули нави муолиҷа ин аст, ки байни истеъмоли нашъа ҳамин мавод одамро 12 соат новобаста аз маводи мухаддир ва қобили меҳнат мекунад. Зимнан, ба воситаи ҷалби онҳо ба кор ва истеҳсолот, онҳоро аз вобастагӣ ба маводи мухаддир раҳо мекунанд. Ин барнома аз он ҷумла дар бисёр кишварҳо нахуст дар зиндонҳо табтиқ шуда, дар пайи он баъд дар шаҳрвандони гирифтори ҳамин беморӣ ҳам истифода мешавад».

Бо ин ҳама, пайвандони афроди мубтало ба нашъамандӣ ва созмонҳои ҷамъиятии беҳдоштӣ аз мақомоти расмии нигаҳдории тандурустии кишвар ва вилояти Хатлон мехоҳанд, шароити беҳтаре барои муолиҷаи беморони нашъамандӣ дар дармонгоҳҳоро фароҳам оварда, аз ҳар гуна эҳтимоли хариду фурӯши ғайриқонунии маводи мухаддир дар чунин марокиз ҷилавгирӣ кунанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG