Пайвандҳои дастрасӣ

Кирғизистон озмуни сахт барои САҲА ва Қазоқистон


Танишҳои тобистони имсол байни қирғизҳо ва узбакҳо дар ҷануби Қирғизистон, таҳдидҳои сангинеро ба амнияти Осиёи Миёна пас аз ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон дар оғози солҳои навадум ба намоиш гузошт. Бар пояи гузоришҳо, бар асари ошӯбҳо ҳудуди 3.000 нафар кушта ва беш аз 300,000 нафаpи дигар бехонаву кошона шудаанд

Дар ҳоле баъд аз даргириҳои хунин ва ҳамапурсии умумӣ, то андозае оромиши нисбӣ ба назар мерасад, вале танҳо бо бароварда кардани ниёзҳои фаврии бозсозии зербинои вайроншуда ва оштӣ додани тарафҳои даргир метавон чолишҳои амниятиро коҳиш дод.
Қазоқистон чун аввалин кишвари Осиёи Миёна, ки сарпарастии САҲА-ро ба дӯш дорад ва чун шарики калидии минтақави- иқтисодии Қирғизистон аз ҷойгоҳи хубе бархурдор аст то ин талошҳоро сарпарастӣ кунад, гарчанде вокуниши Остона дар баробари буҳрон камранг будааст.

Қазоқистон - ҷилавгири фитна дар Кирғизистон

Дар оғоз Қазоқистон нақши калидиро дар оштӣ додани раҳбари барканоршуда Курманбек Боқиев бо ҳукумати муваққатӣ бозӣ намуд. Дар ҳоле Боқиев ҳануз дар бахшҳое аз ҷануб пайравони худро фармондеҳӣ менамуд ва кушиши бозпас гирифтани қудратро дошт, ин рӯёрӯӣ машруъияти ҳукумати муваққатиро зери суол мебурд.

Барои ба эътидол овардани вазъ, Қазоқистон намояндаи вижаи идораи раиси САҲА Ҷонибек Карибжановро ба Бишкек фиристод ва бо созмонҳои байналмилалӣ ва бозигарони минтақаӣ ҳамкории танготанг намуд.

Дар таърихи 15 апрел бо фармони президент Назарбоев неруҳои вижаи қазоқ ба ҷануби Қирғизистон парвоз намуда Боқиевро ба Қазоқистон оварда дертар ба Руссияи Сафед фиристоданд.

«Ин ниҳоят душвор буд то бо ҳукумати мувақатӣ тавофуқномаро ҷиҳати иҷозаи парвоз ба даст биёварем. Ва ин ниҳоят сахт буд то Боқиевро барои тарк кардани Қирғизистон қонеъ намоем», - ба ёд меорад президенти Қазоқистон Нурсултон Назарбоев.

Баъд аз ин амалиёт, Назарбоев сипоҳиёни худро ситоиш намуда гуфт, онҳо буданд, ки аз алангаи даргириҳои шаҳрванди байни бахши ҷанубӣ ва шимолии кишвар ҷилавгирӣ карданд. Бо анҷом додани ин амалиёт Назарбоев, ки дар пайи болобурди обрӯи худ ва ҳайсияти байналмилалии Қазоқистон буд, имтиёзоте ҳам ба даст овард.

«Роҳбарии Қазоқистон ба САҲА нишонаи бурузи ин кишвар дар сатҳи байналмилалист. Вале онҳо дар низоъи Қирғизистон талоши андаке анҷом доданд. Онҳо бештар дар пайи беҳтар нишон додани имиҷи худ буданд», - гуфтааст Паул Қуинн, директори минтақавии Гуруҳи Байналмилалии Буҳронҳо.

Дар пайванд ба ин руйдод Назарбоев баён дошта, ки « Қазоқистон нақши калидиро дар амнияти минтақа иҷро намуда имкони ҳамкориҳои созанда байни ИМА,Руссия,Чин дар Осиёи Миёнаро фароҳам кардааст»

Нақши камранги Қазоқистон

Ҳамзамон, вокуниши Остона дар баробари воқеъаҳои Қирғизистон на ҳама вақт хайрхоҳона будааст.Чун дигар кишварҳои минтақа, Остона низ, ки тарафдори интиқоли қудрат дар хона нест, дар пасманзари воқеъаҳои кишвари ҳамсоя то чанд руз марзҳои худро бо Қирғизистон баст ва то 4 июн, яъне рузи савгандёдкуни омода набуд бо президенти муваққатии Қирғизистон Роза Отунбоева дидор анҷом диҳад.

Бастани марзҳо иқтисоди Қирғизистонро аз ҳам пошид ва вокуниши сарди Назарбоев ҳукумати муваққатии Қирғизистонро, ки бо мушкилоти зиёди иқтисодӣ ва иҷтимоъӣ рӯбарӯ буд, мутазалзил сохт.

Қазоқистон мавқифи ҳамсонро дар ҷараёни таниш миёни қирғизҳо ва узбакҳо дар ҷануби Қирғизистон гирифт.

Дар ҳоле даргириҳо идома дошт, ҳеҷ яке аз созмонҳои амниятии минтақавӣ, на Созмони Ҳамкориҳои Шонхай, на Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ, на САҲА ва на бозигарони асли (Руссия,ИМА ва Чин ) алорағми хоҳишҳои пайдарпайи ҳокимияти муваққатии Қирғизистон дар ҷодаи ҳамоҳанг кардани ҳамкориҳо гоме нагузоштанд. Дар натиҷа садҳо нафар кушта ва садҳо ҳазор нафар бехонумон шуданд.

Иддае аз коршиносон вокуниши суст дар баробари буҳрони Қирғизистонро далели нокомии раҳбарии Қазоқистон бар САҲА медонанд. Аммо агар аз Қазоқистон интизороте дошт то нақши ду ва ё чанд ҷониба дар барқарории амният иҷро намояд, ин як соддалавҳи хоҳад буд.Чун ҳама чашмҳо ба суи созмонҳои амниятии минтақавӣ ва қудратҳои ҷаҳонӣ духта шудааст.

САҲА - тазминкунандаи амният

Бо вуҷуди заъфи Остона дар раҳбарии САҲА, ин созмон дар тарвиҷи амният ва ҳамкорӣ аз Ванковер то Владивасток нақши муҳиме мебозад.

Ин созмон аз 56 кишвари аъзо иборат буда, дар тасмимгириҳои худ масъулияти муштарак дошта ба таври дастҷамъӣ фаъолият менамоянд. Қазоқистон ва ё ҳар кишвари дигаре ҳам бошад дар ҳамоҳанг кардани барномаҳо ба сахтиҳо рӯбарӯ хоҳад шуд.

Вале чизи итминондиҳанда ин аст, ки Қазоқистон ҳануз фурсат дорад нақши созандае дар амри азнавсозӣ ва амният дар Қирғизистон, чӣ дар чаҳорчубаи САҲА ва чӣ аз тариқи муносибатҳои дуҷониба адо намояд, ва ҳар вақт аз у хоста шуд ҳамчунин кореро анҷом диҳад, бояд ҳам аз таҷрибаҳои САҲА дар ин росто истифода барад.

Дар барномаи ҳамоҳангшудаи Қазоқистон барои нишасти роҳбарони кишварҳои аъзои САҲА, ки интизор меравад дар моҳи октябр баргузор шавад, дар баробари масъалаҳои муҳими дигар, мавзуъи таҳамулпазирии динӣ ва қавмӣ, ба иловаи вазъи амнияти дар Қирғизистон бояд меҳвари гуфтугуҳо қарор гирад.

Тақрибан даҳ рӯз баъд аз фурукаш шудани танишҳо дар дар ин кишвари ҷангзада, Остона мизбони нишасти аз пеш тарҳрезишудаи САҲА дар мавзуъи таҳамулпазири ва табъиззудоӣ буд.

«Ин хеле ҳам муҳим аст, ки хостаҳои сиёсии 56 кишвари аъзо ҳоло ҷиҳати пешкаш кардани кумак ба Қирғизистон ба ҳам басиҷ мешавад», - гуфт вазири умури хориҷаи Қазоқистон Канат Саудабаев.

Қазоқистон ва САҲА дар ростои тақвияти марзи Қирғизистон бояд шона ба шона ҳамкорӣ намоянд то аз фурсатталабии даҳшатафканон ва шабакаҳои ҷиноӣ ҷилавгирӣ намоянд.

Инчунин Қазоқистон ба ҳайси роҳбари давраии САҲА бояд дар комисиюни байналмилалии таҳқиқот, ки тавассути Киммо Килҷунен- намояндаи вижаи Ассамблеи Парламентии САҲА дар Осиёи Миёна перомуни таҳқиқи воқеъаҳои ахири Қирғизистон роҳбарӣ мешавад, корро пурзуртар намояд.

Гузашта аз ин, бояд дар ростои иҷрои созишномаи вазирони умури хориҷаи САҲА дар дар таърихи 16-17 июн гомҳое бардошта шавад. Бар пояи он тавофуқ, фиристодани гурӯҳи 52 нафараи дидбонони ғайри мусаллаҳ ба минтақаи ошубзада пешбинӣ шуда буд.

Қазоқистон хайри Кирғизистонро мехоҳад

Оштӣ ва мусолиҳа ҷараёни душворест ва бояд якҷо бо бозсозии вайронаҳо ва зербинои валангоршуда сурат бигирад. Анҷом додани ҳамчунин кор хушбинии ҳар ду тарафи даргирро ба ояндаи нек бештар хоҳад кард.

Ба ҳамин мақсад Қазоқистон ахиран кумаки 10 миллион долларӣ ба Қирғизистон ихтисос дод ва аз баргузории нишастҳои байналмилалии кумак ба Қирғизистон дар Бишкек ва Остона даъват ба амал овард.

Аз ҷониби дигар, Қазоқистон ва Қирғизистон барои ба эътидол овардани вазъи иқтисодии Қирғизистон гуруҳои муштараки корӣ таъсис намуда барои пружаҳои навсозӣ маблағҳое низ ихтисос додаанд.

Дар ҷараёни ошубҳо ҳудуди 2500 хона, беш аз 100 бинои тиҷоратӣ ва зиёда аз 10 бинои маъмурӣ вайрон ва ё осеб дидаанд. Маҷмуъи саросарии ин зиён 71 миллион доллар тахмин зада мешавад.

Дар ҳоле Қазоқистон дар пайи болобурди ҷойгоҳи худ дар сатҳи минтақа ва ҷаҳон аст, бояд инро дарк кунад, ки раҳбарии САҲА барои ин кишвар ҳам чолиш ва ҳам фурсати муносибест.

Истифода аз тавоноиҳои якдигар дар амри бархурд бо чолишҳои амниятии минтақавӣ ва ҷаҳонӣ, ба шумули пуштибони аз ҷараёни бозсозӣ ва барқароркунӣ дар Қирғизистон, ҳам Қазоқистон ва ҳам САҲА-ро дар ҷойгоҳи бозигарони ҷиддӣ дар Осиёи Миёна, хусусан дар Қирғизистон қарор хоҳад дод.

Дуруст, ҷое,ки то ҳол ниҳоди дигаре пайдо нашудааст, ки нақши раҳбарикунанда бозӣ кунад.Танҳо ин, ҷойгоҳ ва тавоноиҳои минтақавии Қазоқистонро мустаҳкамтар хоҳад кард.
XS
SM
MD
LG