Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Рӯзгори кӯдакони коргари тоҷик


Созмонҳои кор бо кӯдакон дар Тоҷикистон талош доранд кӯдакону наврасонеро, ки таҳсилро ба кори бозор иваз кардаанд, ба мактаб баргардонанд ва истисмори меҳнати кӯдаконро коҳиш бидиҳанд.

Муҳоҷирати тӯлонии падар, ноодориву тангдастӣ ва бар дӯши модари танҳо мондани бори гарони зиндагӣ Муҳаммадвафои 14-соларо водор кардааст, то вориди бозори кор шавад. Ӯ мисли даҳҳо дигар ҳамсолонаш дар яке аз бозорҳои шаҳр ароба мекашад. Таҳсилашро тарк накардааст, вале ин кори мушкил ба ӯ имкон намедиҳад то ба пуррагӣ ба дарсаш расидагӣ кунад, барои мисол ӯ наметавонад мисли бархе дигар ҳамсолонаш бо хотири ҷамъ ва бо иҷрои ҳама вазифаҳои хонагӣ ҳар рӯз ба дарс ҳозир шавад.

Аммо Муҳаммадвафо мегӯяд, аксар дигар ҳамсолонеаш, ки дар бозор ба корҳо мухталиф машғуланд аслан мактаб намераванд. Онҳо кор мекунанд ва зиндагишаонро пеш мебаранд: «Ҳарфро намедонанд баъзеҳояш. Хонда наметавонанд. Мегӯянд сум, шароит ва вақт надорем, ки мактаб равем.»

Талоши ҳалли мушкили кӯдакон

Ба хотири дарёфти роҳ барои ба мактаб баргардонидани маҳз чунин кӯдакону наврасоне, ки таҳсилро ба кори бозор иваз кардаанд ва коҳиши истисмори меҳнати кӯдакон, ахиран намояндагони созмонҳои кор бо кӯдакон дигарбора гирди ҳам омаданд. Ба гуфтаи онҳо, як далели асливу нигаронкунандаи дур мондани кӯдакону наврасон аз таҳсил дар бармаҳал ба кори саҳрову бозор ҷалб шудани ин атфол мебошад, ки ба ин фақр, муҳоҷирати меҳнатии волидон, носолимӣ ва аз ҳампошии хонаводаҳо сабаб мешудааст.

Муҳайё Хосабекова, масъули лоиҳаи «Решакан кардани меҳнати кӯдакон»-и Созмони ҷаҳонии кор, мегӯяд, оморҳо дар мавриди кори кӯдакону бехатту савод мондани ин гурӯҳи атфол мухталифанд, аммо ҳамаи ин баҳогузориҳо на аз коҳиш, балки аз бадтар шудани вазъ хабар медиҳанд.

200 ҳазор кӯдаки мардикор


Бар тибқи нишондоди бархе аз созмонҳои байналмилалӣ, беш аз 200 ҳазор кӯдакони тоҷик ба корҳои сангину сиёҳ мисли ҳаммолӣ, аробакашӣ, шустушӯӣ, мошин ва корҳои мухталифи саҳро машғуланд ва бештар аз 20 ҳазори ин кӯдакон аз таҳсил дуранд. Дар ҳоле, ки аксаран дар ин маврид, камбизоативу тангдастии хонаводаҳо сабаб дониста мешаванд, Муҳайё Хосабекова мегӯяд, омили аслӣ дар бемасъулиятиву бетаваҷҷуҳии волидон нисбати имрӯз ва ояндаи фарзандонашон аст:

«Мо одат кардаем, ғолибан дар ин маврид, вазъи иқтисодии хонаводаҳо ва камбизоатиро сабаб медонем, аммо имрӯз ин раванд бештар ба волидони онҳо марбут мегирад. Агар волидон дар тарбия ва таҳсили фарзандон масъулияти ҷидди зоҳир кунанд ва барои калонсолон ҳам дар кишвар ҷойҳои кориӣ ташкил шаваду онҳо тавонанд бо маоши беҳтар дар дохили кишвар кор кунанд, албатта вазъ беҳтар хоҳад шуд ва кӯдкон аз бозор ба мактаб бармегарданд».

Тоҷикистон дар рӯйхати сиёҳ

Созмонҳое, ки дар самти ҷилавгирӣ аз меҳнату истисмори кӯдакон кор мебаранд ҳамчунин аз ворид шудани Тоҷикистон ба рӯйхати сиёҳӣ Амрико ба далели истифода аз нерӯи кӯдак ва нақзи ҳуқуқи атфол нигаронӣ намуданд. Онҳо мегӯянд, якҷо ҷиҳати ҷилавгирӣ аз меҳнати кӯдакон талош мекунанд ва дар пайи дарёфти роҳҳои муассири ҳалли ин масъалаанд, аммо бо ин ҳама иқрор мешаванд, ки то ба ҳол кӯдакону наврасон дар Тоҷикистон ба шаклҳои мухталифи меҳнат аз ҷумла ғунучинӣ пахта ҷалб мешаванд.

Ҳамза Наврузов, сармутахассии раёсати томактабӣ ва миёнаи вазорати моарифи кишвар, дар ин маврид афзуд: «Дар минтақаҳо аз ҷумла кормандони ҳокимияти маҳаллӣ хунукназарӣ мекунанд ва чун ҷумҳурии мо кӯҳсор ҳасту ба зироаткориву кишоварзӣ машғулем, ҳолатҳои зиёде мешавад, ки хонандагонро бо ҳар баҳона зимни таҳсил аз мактаб дур мекунанд».

Коршиносон мегӯянд, то замоне, ки талабот ба кори арзони кӯдакон зиёд аст, меҳнати кӯдак ҳам ба ҳамин суръат идома хоҳад кард. Масъулин ҳам мегӯянд, онҳо наметавонанд якбора кӯдаконро аз меҳнат ва бо ин аз мояи даромад дур ва маҳрум созанд. Аммо Ҳамза Наврӯзов меафзояд, феълан ягона роҳи беҳтари масъала ин фароҳам овардани шароит и мусоидӣ меҳнатӣ, барои ин наврасони коргар, ки аз нерӯи онҳо сӯистифода ва табъиз нашаванд:

«Имрӯз мушкил ин истисмори меҳнати кӯдак аст, ки кӯдакон кор мекунанд, вале он меъёре, ки ба синну сол муқаррар шудааст ва пардохти музди меҳнати онҳо ба эътибор гирифта намешавад. Бояд як механизме пайдо кард, ки ҳамин кӯдаконе, ки аз рӯи зарурат меҳнат мекунанд қонеъ карда шаванд.»

Барномаи нави таълимӣ барои кӯдакони коргар

Ба хотири ҳифзи солимӣ ва бехатту савод намондани кӯдакони коргар дар нишасти ахире роҷеъ ба кори кӯдакон пешниҳод шуд, ки барои ин гурӯҳи кӯдакон таҳсили ғайрирасмӣ ё низоми нави таълимие ба роҳ монда шавад, то онҳо дар баробари кор тавонанд ба донишу касобмӯзӣ фаро гирифта шаванд.

Саидмухтор Ҷалолов, сардори раёсати моарифи вилояти Суғд, яке аз тарафдорони ин пешниҳод дар сӯҳбат бо «Ояндасоз» гуфт: «Бигзор чунин марказҳои таълимӣ дар назди бозорҳо ё назди худи мактабу ҷамоатҳо ташкил карда шавад, ки бачаҳо тавонанд баъд аз кор омада таълим гиранд.»

Ба гуфтаи масъулини созмонҳои кор бо кӯдакон барои рафъи ин мушкил ва соҳибмаълумоту солим ба воя расонидани насли имрӯз, нақши оила ва волидон бештар аз мактабу ҷомеа аст. Бинобарин дар тарҳи нави қонун дар бораи масъулияти волидон, барои ҷалби кӯдакон ба донишомӯзӣ ва боло бурдани сифати таълим, падару модар ҷиддан уҳдадор ва масъул карда шудаанд.
XS
SM
MD
LG