Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Қасди мухолифони Русия ба тазоҳурот бо вуҷуди ҳушдор


Яке аз раҳбарони мухолифони Русия, Эдуард Лимонов, мегӯяд, тарафдорони ӯ бо вуҷуди ҳушдори Вазорати умури дохилӣ рӯзи шанбе дар Маскав бо ҳимоят аз озодии гирдиҳамоиҳо даст ба тазоҳурот хоҳанд зад. Ноиби вазтри умури дохилии Русия, Михаил Суходолский гуфт, агар намоиши гурӯҳи "Стратегияи 31" баргузор шавад, полис онро бо истифода аз нерӯ пароканда хоҳад кард. Шаҳрдори Маскав тайи 18 моҳи охир ба ташкилкунандагони ин тазоҳурот посухи рад додааст ва ин ҳам дар ҳоле ки қонуни асосии Русия ба шаҳрвандон ҳаққи озодонаи таҷаммӯъ ва эътирозро қоил аст.
XS
SM
MD
LG