Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Журналистони эронӣ озодии ҳамкасби худро талаб карданд


Зиёда аз 90 журналисти эронӣ бо нигаронӣ аз вазъи ҳамкасбони боздоштшудаи худ ба додситони кулли Теҳрон номаи дастаҷамъона фиристоданд. Онҳо, аз ҷумла озодии журналист Абдулризо Тоҷикро талаб карданд. Ин нома ба унвони Додситони кулли Теҳрон, Аббос Ҷаъфарии Давлатободӣ рӯзи чаҳоршанбе ба нашр расид. Хонаводаи Тоҷик низ ахиран дар номае ба мақомоти додгустарии Эрон навишт, ки Абдулризо дар боздоштгоҳ ҳадафи ҳамлаи ҷинсӣ ва ҷисмонӣ қарор гирифтааст. Вакили ҳуқуқии ӯ, Муҳаммад Шариф низ гуфтааст, ки кормандони амниятӣ ба номуси Тоҷик таҷовуз кардаанд. Тоҷик, журналист ва ҳомии ҳуқуқи инсон рӯзи 12-уми июни соли гузашта барои эътирозаш аз натиҷаҳои интихоботи президентии Эрон боздошт шуда буд. Ҳанӯз айбномаи расмие ба ӯ эълон нашудааст.
XS
SM
MD
LG