Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Камбуди об дар маҳаллаҳои шаҳри Душанбе


Сокинони маҳаллаи Зарафшони пойтахт тасмим доранд аз фаъолияти нокофии идораи "Водоканал" ба шаҳрдорӣ шикоят бубаранд. Онҳо мегӯянд, ба далели кутоҳии ҳамин идора сокинони биноҳои 9-ошёна аз камбудии об азият мекашанд.

Сокинони маҳаллаи Зарафшон шикоят мекунанд, ки чанд рузи ахир рӯзона ин биноҳои пур аз хонаводаҳои серфарзанд дар гармии тамуз об надоранд.

Вақте мо вориди маҳаллаи Зарафшон шудем мардум дар назди лӯлаи обкаш, ки миёни бинои 15 ва 22 мустақар аст, ҷамъ шуда, сари масъалаи об ба устоҳои таъмиргари насосҳо баҳс мекарданд. Аз устои таъмиргар, ки худро Ҷамолуддин муаррифӣ кард, далели зуд-зуд аз кор мондани насосҳои обкаширо пурсидам. Вай гуфт: «Насосҳо об надорад, об дар қубури магистралӣ кам аст. Фишори об, ки кам шуд, насос аз кор мемонад».

Беадолатӣ дар тақсими об


Аз таъмиргари об пурсидам, ки далели камии об дар қубури магистралӣ дар чист? Усто ба шафати маҳаллаи Зарафшон ба биноҳои навсохтӣ талу тепаҳо ишора карда гуфт: «Об куҷо меравад, ана ба он адир ва хонаҳои навсохт, ки ҳатто дар ҳоҷатхонаҳояшон об мисли фантан ҷорист. Боғу боғча ва полизҳои худро аз ҳамин ҳисоб обёрӣ мекунанд. Сабабашро аз калонҳо пурсед. Агар ман сабабашро гӯям ба ман мечаспанд ва аз кор пеш мекунанд».

Дар ҳамин ҳол чанд тан аз сокинони маҳаллаи Зарафшон ба гуфтугӯи мо ҳамроҳ шуда, далели камии об дар қубури магистралиро тавзеҳ доданд: «Сокинони маҳаллаи нав бидуни иҷозат ва бархеҳо бо ришват додан ба масъулон аз ҳамин қубури магистралӣ об мегиранд».

Ин қубур дар вақташ барои биноҳои 9-ошёна мувофиқ карда шуда буд. Ҳоло сокинони ин маҳалла ду ило се баробар афзудааст.

Тақсими соатакии об

Яке аз ҳамсӯҳбатҳо мегӯяд, «ҳоло аз соати 6-и субҳ то 10-и руз об меҳиҳанд ва аз 5-и бегоҳ то 10-и шаб.Чанд рӯз аст ки дар ин фасли гармо рӯзона об намедиҳанд. Вале пули обро барои 24 соат дар шабонаруз аз мо меситонанд. Мегуянд, ки ин қарори шаҳрдорист».

Устои идораи "Водоканал" санади бо муҳру имзои тасвибшудаи идораи Водоканалро аз сӯи ҳукумати шаҳро нишон дод, ки мувофиқи он ба биноҳои 3-ошёнаи ноҳияи Сино аз соати 9 то 11 соат дар шабонарӯз бояд об диҳанд. Усто Ҷамол афзуд:

«Бубинед, маҳаллаи Зарафшон - 11 соат, Навоӣ - 10 соат, дигараш то 9-соат бо об бояд таъмин шаванд. Ин санадро сармуҳандиси идораи водоканал Мирзоев имзо кардааст. Ва мо аз руи ин рӯйхат кор мекунем".

Аз усто пурсидам, ки ҳадаф аз ин нақшаи бо соат об додан ба биноҳои 9-ошёна дар чист?. Вай гуфт: «Ин биноҳо тавассути насос бо таъмин мешавад. Ба хотири сарфаҷӯӣ аз нерӯи барқ ҳамин рӯйхат тартиб дода шудааст».

Ин дар ҳолатест, ки Тоҷикистон дар фасли тобистон 4 миллиард киловатт-соат нерӯи барқи изофӣ дорад. Ва идораи "Водоканал" барои таъмини об тӯли 24 соат бо масрафи харҷи барқ аз мардум пул меситонанд.

Шаҳрдорӣ дар ҷустуҷӯӣ роҳи ҳал

Ахиран шаҳрдории шаҳри Душанбе барои баррасии масъалаи бо об таъмин намудани сокинон аз сӯи идораи Водоканал як комиссия ташкил кардааст. Ва фаълолияти идораи Водоканал дар таъмини об ба сокинони шаҳр баррасӣ хоҳад шуд. Анвар Абдурасулов, депутати шаҳр ва раиси Донишгоҳи техникӣ, раёсати ин кумиссиюнро бар ӯҳда дорад.

Масъалаи бо оби нӯшокӣ таъмин кардани сокинони пойтахт мавзӯъи нав нест ва аз 17 сол бад-ин сӯ матраҳ аст ва то ба ҳол ҳал нашудааст. Дар ҳоле, ки дар ин муддат созмонҳои сармоягузории хориҷӣ, аз ҷумла Бонки ҷаҳонӣ, Бонки исломӣ ва давлати Олмон, барои ҳалли ин мушкил ба Тоҷикистон ҳудуди 75 миллион доллари амрикоӣ кумакҳои билоиваз кардаанд. Кумаки ахири Бонки ҷаҳонӣ дар ин самт 36 миллион доллар ва Бонки исломӣ 16 миллион доллар аст.

Шояд комиссиюни таъсисшуда аз сӯи шаҳрдорӣ ба масъалаи масрафи ин пулҳо, ки барои бо об таъмин кардани мардуми пойтахт ихтисос дода шудааст, таваҷҷуҳ зоҳир кунад.
XS
SM
MD
LG