Пайвандҳои дастрасӣ

Қаҳрамонони ҷавони шашкаи Тоҷикистон


Мусобиқаи қаҳрамонии шашкаи Тоҷикистон байни писарону духтарони синнашон аз 10 то 20-сола, ки дар шаҳри Душанбе тӯли шаш рӯз идома кард, 30-юми июл ба анҷом расид.

Довари ин мусобиқа Саодат Одинаева, мураббии мактаби махсуси шоҳмоту шашкаи шаҳри Душанбе, ба радиои Озодӣ гуфт: «Дар ин мусобиқа, ки дар Маркази эҷодии кӯдакону наврасони ноҳияи Фирдавсии пойтахти кишвар сурат гирифт, ҳудуди 60 нафар (34 писар ва 26 духтар) аз манотиқи мухталифи кишвар ширкат карданд. Мусобиқа мувофиқи синну соли ширкаткунандагон дар панҷ гурӯҳ доир шуд».

Ба гуфтаи Саодат Одинаева инҳо қаҳрамонони нави шашкаи Тоҷикистон байни писарону духтарон гардиданд:
гурӯҳи 10-солаҳо – Фариза Ғаффорова (Суғд) ва Синои Илҳом (Душанбе), гурӯҳи 12-солаҳо – Омина Гадоева (Душанбе) ва Неъматулло Шукуров (Хатлон), гурӯҳи 14-солаҳо – Сарвиноз Каримова (Душанбе) ва Дӯстмуроди Баҳодур (Хатлон), гурӯҳи 16-солаҳо – Мутрибаи Илҳом (Душанбе) ва Фирӯз Шарифов (Суғд), гурӯҳи 20-солаҳо – Дилбар Нуриддинова (Суғд) ва Самандари Мирзоалӣ (Душанбе).
XS
SM
MD
LG