Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Исми Таҳмина Ниёзова, овозхони ҷавон ва набераи шашмақомхонони варзидаи тоҷик Боймуҳаммад Ниёзов, ду сол пеш бо барандаи шоҳҷоизаи озмуни «5 ситора-Интервидение» шудани ӯ вирди забонҳо шуд.

Ҳарчанд аз ин пештар Таҳмина дар озмунҳои мухталифи дигар низ ширкат кардаву ғолиб меомад, аммо маҳз ҳамин пирӯзӣ барояш тақдирсоз гардид. Дар ҳоле, ки барои ширкат дар озмуни «Панҷ ситора» Таҳмина дарҳои зиёдро барои дастгирӣ кӯфт, аммо ба ҷузъ аз пайвандон кӯмаки нафареро дарёфт накард. Ҳоло ӯ меҳмони фахрӣ дар ҳамагуна маросимҳои расмист.

Таҳмина мегӯяд, ғолибият дар ҳамин сабқат ӯро нисбати саҳна ва овозхонӣ дилгарм кардааст ва ӯ бори дигар барои худ ва дигарон низ собит кардааст, ки бо талош ва пойфишорӣ мешавад ба ҳадафи худ ноил шуд. Ба гуфтаи ин овозхони ҷавон, зинда хондан барояш ҳеҷ мушкил эҷод намекунад, зеро аз синни 12-солагӣ рӯи саҳна зинда месарояд.

Таҳмина ҳамагӣ 21 сол дорад ва феълан дар риштаи рӯзноманигорӣ таҳсил мекунад. Ҳамзамон дар пай сабти нахуст албомаш аст, ки интизор меравад, дар чанд моҳи наздик мунташир шавад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG