Пайвандҳои дастрасӣ

Чаҳор бозии охирини давраи дуввуми сабқати Лигаи олии футболи Тоҷикистон рӯзҳои истироҳат баргузор мешаванд.

31-уми июл ду бозӣ байни дастаҳои «Хайр»-и Ваҳдат ва «Хуҷанд»-и Хуҷанд, «Вахш»-и Қӯрғонтеппа ва «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода барпо мегардад.

Ду бозии дигари даври 18-ум 1-уми август миёни тимҳои «Равшан»-и Кӯлоб ва «Парвоз»-и Бобоҷон Ғафуров, ССКА «Помир»-и Душанбе ва «Энергетик»-и Душанбе сурат мегирад.

Ва аммо сарфи назар аз натоиҷи ин бозиҳо дастаи «Истиқлол»-и Душанбе ғолиби давраи дуввуми мусобиқот гардид. «Истиқлол» аз 16 бозӣ 40 имтиёз ба даст овардааст ва ягона дастаест, ки бохт надорад.

Вале «Регар» ТадАЗ пас аз бохти дуввуми паиҳам шонси гирифтани ҷои аввалро дар давраи дуввуми мусобиқот аз даст дод ва сарфи назар аз натиҷаи бозии охиринаш дар давраи дуввум бо «Вахш» мавқеаш дар ҷадвал тағйир нахоҳад ёфт. «Регар» ТадАЗ бо 35 имтиёз дар ҷои дуввум мебошад.

Барои ҷои севум дастаҳои «Хайр»-и Ваҳдат ва «Вахш»-и Қӯрғонтеппа талош доранд. Дар ҳамин ҳол «Хайр» бо 27 имтиёз ҷои севум ва «Вахш» бо 25 имтиёз ҷои чорумро касб кардаанд.

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқа то 31-уми июл

Ҷой

Дастаҳо

Б

Ғ

М

Б

Т/T

И

1.

«Истиқлол» (Душанбе)

16

12

4

0

37-9

40

2.

«Регар-ТадАЗ» (Турсунзода)

15

11

2

2

45-10

35

3.

«Хайр» (Ваҳдат)

15

8

3

4

25-17

27

4.

«Вахш» (Қӯрғонтеппа)

15

7

4

4

17-13

25

5.

ССКА«Помир» (Душанбе)

15

4

6

5

16-22

18

6.

«Энергетик» (Душанбе)

15

4

3

8

17-27

15

7.

«Хуҷанд» (Хуҷанд)

15

3

5

7

19-27

14

8.

«Парвоз» (Б.Ғафуров)

15

3

3

9

17-30

12

9.

«Равшан» (Кӯлоб)

15

0

2

13

7-44

2


Голзанҳои беҳтарин: Юсуф Рабиев («Истиқлол») – 17 гол, Давронҷон Тухтасунов («Регар-ТадАЗ») – 12, Жаилтон Оливейра («Регар-ТадАЗ») ва Мирзобек Мирзоев («Хайр») – 8-голӣ.
XS
SM
MD
LG