Пайвандҳои дастрасӣ

Дар даруни каллаи бемўи ман, дар он ҷое, ки ба қавли мўйсафеди Дарвин, бояд майна ё худ мағзи сар ҷойгир шуда бошад, се аф... аф... афроде!.. Худоё, ҳатто ба талаффузи ин калима забонам намегардад, зеро ҳамон фарди бечора ба каллаи бемағз чӣ кор дорад?... Умуман се махлуқе, се ҷондоре, доим дар баҳсу мунозира ва ҷанҷолу хархашаанд.

Аз ин се даряки ботинӣ - афкории ман, яке худро ҳунарпеша меномад, яъне - актёр, дигаре кафк дар даҳону бо ҳалқи қоқшуда дод мезанад, ки вай коргардон аст, яъне - режиссёр,сеюме даъвои драматургӣ дорад ва худро нависанда метарошад.

Ин се ҷондор, он майнаи набударо пок-покиза хўрда, даруни каллаи маро ҷавлонгоҳи афкор, дурусттараш майдони футболи худ сохтаанду дар он ҷо ба қавли худашон «фикрронӣ» мекунанд ё аниқтараш аз фикр тўбе сохта онро зери пояшон мепартоянду, ҳар қадаре, ки дилашон хоҳад, шаттакаш кардан мегиранд.

- Дар мамлакати мо драматург набуд, нест ва намешавад! - бо исрор дод мезанад режиссёр,- онҳое ки ҳастанд, ҳамаашон ким чи хел...

Навиштаашон амалиёт надорад. Действия нету! Лақ-лақи бисёр, чуноне, ки Ҳамлет мегўяд: «Гапу гапу гап!» О, аз гапи бисёр чӣ фоида? Сиёсатмадорон панҷсоатӣ гап мезананд, журналистон саҳифаҳои бешумори рўзномаҳояшонро бо сафсатта пур мекунанд, ҳамон бас нест? Ба ман амалиёт диҳед ва ман заминро аз меҳвараш мебарорам! Амалиёте, ки актёрро даргиронад, сўзонад! Вай параду ҷаҳад, амал кунад. Ман душмани гап! Ман душмани фикр! Ба ман амалиёт диҳе-ед!!

- Як ба театри опера ва балет нарафтед? - бо тамасхури оромона, вале заҳролудае ба коргардон маслиҳат медиҳад драматург,- як дастаи балетиро мегиреду ҳар қадаре, ки дилатон хоҳад паридану ҷаҳидан мегиред. Ягонтоашон «лом» ва хусусан «мим» намегўянд, зеро корашон ҳамин хел - мимика,- яъне имову ишора. Ҳамаашон чун шумо душмани гапанд.

- Не, шумо маро дуруст нафаҳмидед,- гуфтани мешавад режиссёр, вале...

- Мебахшед! - ман шуморо ҷудо дуруст фаҳмидам,- балет маъқул нест, ба назди хоккеистҳо равед. Ана амалиёт! Ҷоғи ҳамаашон бастагӣ.
Метарсед, ки онҳо дарҳол беҳунарии шуморо дарк мекунанд ва шуморо ба масофаи тиррас ба майдони ях наздикшавӣ намемонанд?

- Мо на ях дорему на хоккеист,- ба гап ҳамроҳ шудан мехоҳад актёр...

- Ин тавр бошад рост ба назди боксёрҳо равед! Тамоми фикрҳояшон аллакай зада баровардагӣ. Дар даҳонашон ҳам ба ғайр аз резин дигар чизе нест. 3 парда, 12 намоиш. Худи драматургияи қадима барин.

- Охир онҳо ба гапи ман гўш намедиҳанд, танҳо аз рўи гуфтаи тренерашон амал мекунанд, ҳатто маро заданашон мумкин...

- Ман Отелло бозӣ кардан мехоҳам, Шоҳ Лир, Ричард, Эзоп... ё ҳеҷ набошад Рўдакию Фирдавси, Хайёму Ҳофиз,- гиряолуд шикоят карданӣ мешавад актёр...

Ту умуман хап шин! - дўғ мезанад режиссёр ва барои фаҳмотар шудани гуфтааш илова мекунад «Га-ап назанене-е!!» Ягонтат ягон балора намедонен! Дар саҳна раҳ гашта наметонен, репликара дуруст дода наметонен, вапше, гап зада наметонен! Фақат МА метонуму чи буд, ҳа... медонам! Он ролҳои ту гуфтагӣ ҳама кўҳна шудагӣ. Шекспир кўҳна шудагӣ, он шоирони гуфтаат аз он ҳам кўҳнатар. Вақти ғазалсарои гузашт! Замони мубориза омад. Замони драма ва забони драма!

«Вақти он аст, эй қалам, буррандатар гарди зи барқ
Вақти он аст, эй сухан, ғуррандатар гардӣ зи раъд!»...

- Модоме, ки гап дар бораи сухану қалам рафт ва ин ҳарду дар ихтиёри мананд,- мегўяд драматург ба коргардон,- пас ягон навиштаи маро гиреду дар таҳияи худатон рўи саҳна оваред. Ба фикри ман дар он ҷо ҳам раъду барқ ҳасту ҳам тўфон ва агар андаке чуқуртар таҳқиқ кунед кам-кам торнадою сунами ҳам ёфтан мумкин.

- Рост,- гапи ўро тасдиқ мекунад актёр,- чизи бозӣ мекардагӣ ва гапи мегуфтагӣ ҳам дорад.

- Ҳа-а, ҳардуи шумо фақат дар фикри он ки кай маро аз байни шумо бардошта ба ҷои даркорӣ... яъне ба ҷои нодаркор мебаранд,- ғурғур мекунад коргардон,- ба умед нашавед, ман ба ин фиреби шумоён намеафтам. Ман қаҳрамон не! Паҳлавон ҳам не... Ман ҳамин тавр... як вай... ҳеҷ... Ман беҳтараш ба ягон театри ним халқию ним чихелӣ... рафта, ягон «Бузаки ҷингалапо», «хирсаки пахмоқмўй» ё ягон шоучаеро бо номи баланди «Рақси гулҳои қоқшудаи сари роҳ» таҳия мекунам. Мардум механданд.

Бузургони пешини юнонӣ, бо дастгирии Л.И.Брежнев, гуфтаанд-ку: «Ба мардум хушҳолӣ ва нон диҳед, баъд ҳар номаъқулие, ки мехоҳед бо онҳо кардан гиред.»... Бачаҳакои «бойбача», барои «бузак» ва камкам бузӣ, ба ман пул медиҳанд, ба он пулҳои бачаҳако додагӣ, ман ба бачаҳакои худам орд мехарам. Занам нон пухта ба кўдакон медиҳад. Ман хурсанд, занак хурсанд, кўдакакон хурсанд, халқ механдад... Майна ором мегирад. Ман бароҳат хоб меравам. Хоби баҳузур, хоби гарон... Торикӣ. Парда...

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG