Пайвандҳои дастрасӣ

Баланд шудани парчами Ал-Қоида дар Аъзамия


Ҷангиёни Ал-Қоида дар минтақаи суннинишини Аъзамия, дар канори Бағдод, 16 тан аз нирӯҳои амниятии Ироқро кушта, парчами худро барои чанд муддат дар ин минтақа баланд карданд. Субҳи дирӯз, ҳамин тавр, як маргталаб микроавтобуси бомбгузоришударо болои дарвозаи пойгоҳи артиши Ироқ дар наздикии Тиқрит, зодгоҳи Саддом Ҳусайн ронд. Бар асари ин ҳамла 4 сарбоз ҳалок шуд.
Ду сарбози дигари ироқӣ бар асари таркиши бомбҳои рӯироҳ дар Фалуҷа ва як ходими пулис низ дар натиҷаи инфиҷори бомб дар Мувсил ба ҳалокат расиданд.
XS
SM
MD
LG