Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Толибон давлати Ҳолландро табрик кардааст


Рӯзномаи ҳолландии "Volkskrant" менависад, ки Толибон давлати Ҳолландро ба маҳзи хуруҷи қарибулвуқӯъи нирӯҳои ин кишвари аврупоӣ аз Афғонистон табрик гуфтааст. Сухангӯи Толибон Қориюсуф Аҳмадӣ ба ин рӯзнома гуфтааст, ки ин ҷунбиш давлати Ҳолландро ба ин далел ки “ҷасорат нишон дода, чунин тасмими мустақил гирифтааст, самимона табрик мегӯяд.” Замони ҳузури ҳудуди 1950 сарбози Ҳолланд дар Афғонистон рӯзи якшанбе ба поён мерасад. Ин нирӯҳо 4 сол боз дар Афғонистон амал мекарданд ва паймони НАТО аз Ҳолланд хоста, ки замони ҳузури нирӯҳояшро то як соли дигар тамдид кунад. Тайи ин 4 сол дар Афғонистон 24 сарбози ҳолландӣ кушта шуданд.
XS
SM
MD
LG