Пайвандҳои дастрасӣ

Ҷилавгирӣ аз талоши рабудани ҳавопаймо дар Маскав


Нирӯҳои вижаи Русия тайи як амалиёти кӯтоҳ аз талоши рабудани ҳавопаймои ҳомили 105 мусофир дар фурудгоҳи Домодедовои шаҳри Маскав ҷилавгирӣ карда, як мардро дастгир кардаанд. Намояндаи бахши таҳқиқотии вазорати умури дохилаи Русия Татяна Трунова гуфт, ин ҳавопаймо аз шаҳри Минералние водии Қафқози шимолӣ ба Маскав меомад, ки як мусофир ба таври катбӣ аз ҳайъати сарнишинонаш мулоқот бо хабарнигорон ва мақомотро тақозо мекунад. Ҳавопаймо ду соат дар ҳошияи фурудгоҳи Домодедово монд. То замоне ки нирӯҳои вижа дар либоси табибон воридаш шуда, ҳавопаймораборо аз по дароварданд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG