Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Интиқоди дигарбораи Камерон аз Покистон


Сарвазири Бритониё Девид Камерон аз изҳороти ахираш дар бораи пешрафти Покистон дар мубориза бо терроризм ҳимоят кард ва гуфт, гуфтугӯи кушоду ошкор муҳим буд. Камерон, ки дар Деҳлии нав дар нишасти муштараки хабарӣ бо ҳамтои ҳиндиаш Манмуҳон Сингҳ сӯҳбат мекард, гуфт, касе шубҳа надорад, ки дар Покистон гурӯҳҳои террористӣ мавҷуданд ва онҳо бояд саркӯб ва хунсо карда шаванд.
Камерон рӯзи чоршанбе изҳор дошт, ки Покистон набояд ба ташвиқи содироти террор иҷозат диҳад. Ин ҳарфҳои ӯ, ки ҳамагӣ чанд рӯз баъд аз нашри асноди махфии Амрико дар бораи иртиботи хадамоти иктишофии Покистон бо ҷангиёни толиб дар Афғонистон садо дод, хашми Исломободро барангехт.
XS
SM
MD
LG