Пайвандҳои дастрасӣ

Гейтс: WikiLeaks ба душманони Амрико маълумот дод


Вазири дифоъи Амрико Роберт Гейтс гуфт, нашри ҳазорон асноди махфии Амрико дар бораи ҷанги Афғонистон метавонад барои нирӯҳои Амрико ва муттаҳидинаш дар ин ҷанг пайомадҳои зиёд ва хатарноке ба бор биорад. Гейтс дар нишасти хабарие дар Пентагон гуфт, сомонаи моҷароҷӯи
WikiLeaks, ки ин аснодро нашр кард, иттилоот дар бораи наҳву шеваи амали нирӯҳои Амрикоро амалан ба дасти душманонаш додааст. Ӯ афзуд, ки Пентагон қасд дорад қазияро шадидан таҳқиқ карда, афроди дахил дар ифшои ин аснодро муҷозот кунад. Вазорати дифоъ ба ин манзур аз Созмони федеролии тафтишоти Амрико, FBI, низ кӯмак хостааст. Аммо Ҷулиан Ассанҷ, муассиси WikiLeaks, аз нашри ин аснод ҳимоят ва изҳори умед кардааст, ки ин кор ба бурузи мавҷи нави баҳсҳо дар бораи ҷанги Афғонистон мусоидат хоҳад кард.
XS
SM
MD
LG