Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

"Барқи Тоҷик" ба 3 ширкати алоҳида таҷзия хоҳад шуд


Мақомоти ширкати “Барқи Тоҷик” мегӯянд, барномаи ислоҳоти сохтории ин ширкати инҳисорӣ таҳия шуда ва феълан дар дасти муҳокимаи идороти масъул қарор дорад.
Сӯҳроб Раҳимов, муовини раиси “Барқи Тоҷик” гуфтааст, ки ин барнома ба се ширкати алоҳида таҷзия шудани ин корхонаи монополист дар риштаи нирӯи барқро дар назар дорад. Ба гуфтаи оқои Раҳимов, тавлид, ҳамлунақл ва фурӯши нирӯи барқ аз ҳам ҷудо карда хоҳанд шуд, вале ин барнома дар 3 марҳала иҷро шуда, соли 2015 ба анҷом хоҳад расид.
XS
SM
MD
LG