Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Баҳси нав дар марзи Исфара бо вилояти Бодканд


Бино ба хабарҳо, рӯзи 27 июл дар маҳалли посгоҳи марзии “Кӯктош”, дар марзи вилояти Суғди Тоҷикистон бо вилояти Бодканди Қирғизистон байни сокинони рустои Минбулоқи Бодканд ва рустои Сурхи ноҳияи Исфара баҳс сар задааст. Бино ба гузориши хабаргузории қирғизии АКИ-Пресс, баҳси издиҳом бар сари ним ҳектар боғи зардолуе будааст, ки дар як минтақаи баҳсии марзи ду кишвар воқеъ мебошад.
Ниҳодҳои марзбонӣ ба хотири ҳалли баҳс мақомоти ду ҷонибро даъват кардаанд. Бар асоси тавофуқи ҳосилшуда, марзи байни Минбулоқу Сурх то замони таъйин ва аломатгузории марзи Тоҷикистону Қирғизистон бояд аз роҳи байни ин ду русто гузарад.
XS
SM
MD
LG