Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бозор Собир китоби нави худро ба Тоҷикистон овард


Шоири саршиноси тоҷик Бозор Собир, ки дар Амрико ба сар мебарад, рӯзи панҷшанбе вориди пойтахти Тоҷикистон шуд ва дар фурудгоҳи Душанбе мавриди истиқболи бесобиқаи ҳаводорон, дӯстон, ҳамқаламон ва хабарнигорони зиёде қарор гирифт. Дар гуфтугӯ бо студияи Бахши тоҷикии Радиои Озодӣ аз фурудгоҳи Душанбе, Бозор Собир дар бораи ҳадафи сафараш гуфт, мехоҳад дар ҷараёни он китоби нави худ "Хуни қалам"-ро ба нашр расонад ва як шаби назм баргузор кунад. Бозор Собир дар авоили соли 1993 ба дунболи ба қудрат расидани ҷонибдорони Фронти халқӣ зиндонӣ шуда, пас аз наздик ба як сол таҳти фишори созмонҳои байналмилалӣ ва рӯшанфикрони Русия ва ҳамкории бархе шахсиятҳои Тоҷикистон аз зиндон озод шуд ва баъди озодӣ аз зиндон ба Маскав ва аз он ҷо ба Амрико рафт.
XS
SM
MD
LG