Пайвандҳои дастрасӣ

Зани фаронсавӣ 8 тифли навзоди худро куштааст


Як зани фаронсавӣ, ки эътироф кард, ҳашт кӯдаки навзодро куштаааст, дар қатл айбдор шуд. Додситон Эрик Вейлант гуфт, Доминик Коттез тифлонро бӯғӣ карда, куштааст ва дар боғи паси хонааш гӯрондааст. Вай афзуд, сабаб дар он будааст, ки Коттез нахостааст, аз ин беш фарзанд дошта бошад. Вай ҳамчунин нахостааст, назди пизишкон равад ва ё аз чораҳои пешгирикунандаи ҳомиладорӣ истифод намояд. Коттез ва шавҳари ӯ. Пйер-Марие рӯзи чаҳоршанбе, замоне боздошт шуданд, ки ҷасади ду кӯдак аз боғи онҳо кашф шуд. Шавҳари ӯ бегуноҳ дониста ва озод шуд. Вай мегӯяд, аз ин рӯйдодҳо хабар надошт.
XS
SM
MD
LG