Пайвандҳои дастрасӣ

Покистон аз Афғонистон шарҳи суханони Карзайро хост


Покистон аз раисиҷумҳури Афғонистон, Ҳомид Карзай, шарҳи суханонашро дар бораи ноомодагии ҳампаймонҳои ғарбии Афғонистон ба вожгун кардани пойгоҳҳои Толибон дар хориҷ аз кишвараш тақозо кардааст. Карзай дар нишасти хабарӣ дар Кобул гуфт:
"Ҷанги зидди терроризм ин ҷанге дар деҳоту хонаҳои Афғонистон нест. Агар дар хотир доред, мо солҳо даъват карда будем, ки ин ҷанги талафоти мардум ва артиши Афғонистон нест, балки ҷанг бо паноҳгоҳҳо, манобеъ ва таълимгоҳҳост, ки берун аз Афғонистонанд."
Карзай афзуд, худи Афғонистон тавони зарба задан ба ин пойгоҳҳро надорад, аммо, суол гузошт Карзай, чаро ҳампаймонҳои Афғонистон даст ба амал намезананд. Раисиҷумҳури Афғонистон ба таври хос аз Покистон ном набурдааст.
XS
SM
MD
LG