Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тазоҳуроти зидди полиси байнулмилал дар Қирғизистон


Имрӯз дар чанд шаҳри Қирғизистон зидди вуруди полиси байнулмилал ба ҷануби ин кишвар раҳпаймоӣ ва тазоҳурот ба вуқӯъ пайваст. Мавлон Аскарбеков, ҳамоҳангсози ин эътирозҳо ба Радиои Озодӣ гуфт, гирдиҳамоиҳо бо ташаббуси созмонҳои ҷавонон ташкил шудаанд. Тазоҳуркунандагон ширкати полиси байнулмилалро дар ҳифзи эътидол дар ҷануби Қирғизистон як мудохила ба умури дохилии кишвари хеш медонанд. Дар ин байн як ҷаласаи намояндагони гурӯҳҳои қавмии Қирғизистон гуфтааст, аз вуруди полиси байнулмилал пуштибонӣ мекунад. Раҳбари ин анҷуман, Свтелана Пак мегӯяд, ҳузури байнулмилалӣ ба эҳёи эътидол ва эътимоди байни мардум кӯмак хоҳад кард. Даъватҳои тарадорӣ ва мухолифат ба полиси байнулмилал дар ҳоле сдао медиҳанд, ки созмонҳои ҳуқуқи башар аз нақзи ҳуқуқи ӯзбактаборон дар ҷануби Қирғизистон изҳори нигаронӣ мекунанд.
XS
SM
MD
LG