Пайвандҳои дастрасӣ

Талошҳои иттиҳод ё ҷудоиандозии тоҷикон дар Русия?


Абдулло Сатторӣ, раиси Иттиҳодияи тоҷикистониёни Русия

Абдулло Сатторӣ, раиси Иттиҳодияи тоҷикистониёни Русия

Ахиран дар миёни созмонҳо ва ҷамъиятҳои бузурги тоҷикони муқими Русия талошҳое мушоҳида мешавад, ки ҳар яке мехоҳанд созмонҳову ҷамъиятҳои хурд ё марказҳои тоҷиконро дар шаҳрҳо ва минтақаҳои гуногуни ин кишвар ба итоати худ дароранд.

Албатта чунин раванд ҳамеша вуҷуд дошт, вале талошҳо ба вижа замоне шиддат гирифт, ки 14-ӯми июни соли ҷорӣ сафоратхонаи Тоҷикистон дар Русия тақрибан 50 нафар шахсиятҳоро аз Маскав ва минтақаҳои мухталифи Русия гирдиҳам овард ва бо онҳо як Шӯрои Машваратӣ ташкил дод, то заминаро барои ташкили созмон ё иттиҳодияи бузургтаре фароҳам оранд.

Дар як гуфтугӯ бо Абдулло Сатторӣ, раиси "Иттиҳодияи тоҷикистониёни Русия" дар Маскав пурсидам, чӣ зарурате барои муттаҳид сохтани созмонҳову ҷамъиятҳои хурди тоҷикон аз ҷониби созмонҳои бузургтар пеш омадааст:

- Қонунҳои амалкунандаи Русия на ба ҳар созмон иҷоза медиҳанд, ки калимаи "Русия"-ро аз номи худ истифода баранд. Танҳо ҳамон созмонҳои ҷамъияие, ки дар бештар аз 50 дарсади минтақаҳои Русия фаъолият мекунанд, онҳо иҷозаи истифодаи вожаи "Русия"-ро доранд. Агар чунин шӯъбаҳо надошта бошанд, бояд аз нахуствазири Русия иҷоза гиранд. Масалан6 баъди "Иттиҳодяи тоҷикистониёни Русия" бунёд шудан, назари ҳам сохторҳои федералӣ ва ҳам минтақавии Русия ва дараҷаи ҳамкории онҳо бо тоҷикони Русия дигар шуд. Масалан, баъди бунёд шудани ин иттиҳодия бори аввал бо нируи худи созмонҳои ҷамъиятии тоҷикистониён дар шаҳри Перм рӯзҳои фарҳангии тоҷконро баргузор кардем. Вақте, ки аз номи "Иттиҳодяи тоҷикистониёни Русия" суханронӣ кардем, дар раҳбарияти вилоят ва шаҳрдорӣ ба мо бо чашми дигар нигаристанд ва ба мо кӯмакҳои зиёд карданд.

- Шумо фикр намекунед, ки дар қаламрави Русия созмонҳои дигари бузургтаре ҳам ҳастанд. Дар ин миён сафоратхонаи Тоҷикистон ҳам ҳаст. Ҳар касе мехоҳад созмонҳои хурд-хурдро ба тарафи худ кашад ва ба тарафи худ ҷалб кунад. Фикр намекунед, ки дар байни ин созмонҳои бузург рақобат ба ҳар ҳол вуҷуд дорад?

Ҷавоб: Дар ҳақиқат чунин ҳам ҳаст ва афсӯс, ки чунин аст. Барои он, ки дар вазъи имрӯза мавқеъ ва манзалати миллати тоҷик дар Русия, агар рӯи рост гап занем, на он қадар тоҷикон эътибори баланд доранд, дар чунин вазъ кашмакашиҳои дохилӣ дар байни ҷамъиятҳои дохилӣ, сафарат ҳам аз тарафи худ кӯшишҳое доранд, ки ба ҳам онҳоро ҷамъ кунанд ё ғаразҳои шахсии худро пиёда кунанд. Масалан, барои чӣ одамони маъруф олимон, тоҷирони пешқадами тоҷик, ки дар Русия ҳастанд, академикҳо ҳастанд, нависндагон ҳастанд, барои чӣ онҳо гирди созмонҳои ҷамъиятӣ ба ҳам намеоянд? Ман аз худи онҳо ҳам шунидаам, ки сабаби асосии ба ҳам наомадани ҳамин кашмакашҳои раисони созмонҳои ҷамъиятист. масалан дар сомонаҳои интернетӣ, дар рӯзномаҳо ба якдигар сангандозӣ мекунанд, тӯҳмат мекунанд, дурӯғгӯӣ мекунанд. Ҳар як одами солимақл андеша мекунад, ки ман агар тоза бошам, барои чӣ гирди ҳамин созмонҳои ҷамъиятӣ равам, ки пагоҳ дар ин ғавғову дар ин кашмакашҳои онҳо номи маро истифода баранд. Яъне яке аз монеаҳои асосии ба ҳам омадани тоҷикон кӯшишҳои нафарони ғаразтнокест, ки гирди худ гӯё, ки ягон ҷамъияти пуриқтидори умумирусиягӣ ташкил мекунанд.

- Бубинед, мисли ин ки вақтҳои ахир зери чатри сафрат ҳам мехостанд, баъзе шахсиятҳоро гирдиҳам оранд ва як созмони дигаре ташкил кунанд. Дуруст аст, ки ҳамин хел талошҳо ҳаст?

- Талошҳо ҳаст ва суоле пеш меояд, ки ба кадом хотир? Метавонад чунин суол арзи вуҷуд дошта ошад? Албатта, метавонад. Ва агар чунин нест, пас оё ин як роҳи тафриқаандозӣ нест байни тоҷикони Русия?

- Ва фикр намекунед, ки дар ояндаи наздик як созмони дигари тоҷикистониён дар Маскав ба вуҷуд ояд ва дар шаҳрҳову ноҳияҳо ва вилоятҳои дигар ҳам шӯъбаҳои худро ташкил диҳад, аз ҳисоби шахсиятҳое, ки сафорат мехоҳад созмони ҷамъиятӣ дуруст кунад?

- Ҳаст, ҳаст, ба ҳамаи маъмуриятҳои шаҳрҳову вилоятҳо аллакай аз номи сафорати Тоҷикистон мактубҳо рафтаанд, ки шахсони тасодуфӣ маррефӣ шудаанд, ки гӯё намояндаи расмии давлати тоҷикон бошанд. Албатта, кӯшиш ба харҷ додаанд, ки як созмоне ҳам шавад. Афсӯс, ки онҳо ғайр аз ғаразҳои шахсиву ғайри манфиатҳои худ, фикри ватандорӣ надоранд.

- Ба назари шумо, маслан, ин тавр нахоҳад шуд, ки аз ҳисоби "Иттиҳодияи тоҷикистониёни Русия" ва "Ҳаракати ҷамъиятии муҳоҷирони кории тоҷик дар Русия" дар ин миён созмони севвум ташкил шавад?

- Албатта, метавонанд. Масалан, он имконоте, ки сафорати Тоҷикистон дорад, мо он имконотро доро нестем. Афсӯс, ки бисёр созмонҳои ҷамъиятӣ аз ҳисоби муҳоҷирони корӣ зиндагиашонро пеш бурданианд. Масалан, мегиранд як шаҳодатномаи бозгашт ба ватан, ки имрӯз як нуқтаи пулкоркунии хуб шудааст дар минтақаҳои Русия. Масалан, як нафар ҳамватани мо аз Красноярск занг мезанад, мегӯяд, ки ба ман як шаҳодатномаи бозгашт ба ватан барои фарзандам лозим аст. Гуфтам, ки ман коргари расмӣ нестам, ҳамон ҷо созмони ҷамъиятӣ ҳаст, телефонро додам, ки аз ҳамонҳо хоҳиш кунед мактуб нависанд, шояд, ки консулгарии Тоҷкистон дар Ектеринбург кӯмак кунад. Пас аз чанд рӯз вай бародар ба ман занг заду гуфт, ки ака, 15 000 рубли русӣ мепурсанд. Пурсидам, ки кӣ гуфт. Гуфт, ки раиси ҷамъияти Красноярск. Пас чунин нафарон, ки аз чунин шаҳодатномҳо пул кор мекунанд, албатта онҳо таҳти қаноти сафорат мераванд.
XS
SM
MD
LG