Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳамдардии Тоҷикистон бо мардуми Покистон


Дар Покистон дар робита ба ҳалокати 152 нафар дар суқути ҳавопаймо рӯзи мотам эълон шудааст. Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Бан Ки-мун дар номаи таслият ба сарони Покистон гуфт, аз хабари ҳалокати одамон "сахт андӯҳгин" шудааст. Раисиҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, Барак Обама, низ ба мақомоти Покистон номаи ғамшарикӣ фиристода, суқути ҳавопайморо як фоҷиаи мудҳиш номидааст. Раисиҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон, низ дар номае ба президенти Покистон, Осафалӣ Зардорӣ гуфт, мардуми Тоҷикистон аз хабари ҳалокати одамон дар садама ғамгинанд. Ҳавопаймои Эйрбас-321 ҳангоми борони шадид дар наздикии Исломобод дар кӯҳсори ҷангалпӯш суқут кард.
XS
SM
MD
LG