Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Таассуфи ҷомеъаи ҷаҳонӣ аз фоҷеъаи Исломобод


Пас аз сарозерии фоҷиабори ҳавопаймои мусофирбари покистонӣ рузи чоршанбе дар масири Карочӣ-Исломобод, ахиран сарнавишти ҳама сарнишинони он ошкор гашт. Бар асари ин сониҳаи ҳавоӣ ҳамаи 152 сарнишин, ба шумули ду навзод, ҳафт кудак ва 29 зан ҷони худро аз даст додаанд.

Ин ҳавопаймо қарор буд дар фурудгоҳи байнаймилалии Исломобод ба номи Беназир Бҳутто фуруд меомад, вале ба иллати борандагиҳои мавсимӣ масири худро гум кард ва дар ҳумаҳои атрофи Исломобод ба замин сарозер шуд. Ин саввумин маргбортарин сониҳаи ҳавоӣ дар таърихи ин кишвар ба шумор меравад.

Дар ҳамин ҳол тамоми бемористонҳои Исломобод ва Равалпинди дар ҳолати омодабош қарор гирифтаанд. Ҳукумати Покистон як рузи азои умумӣ эълон карда ва ҷиҳати сабабҳои сар задани ин ҳодиса комисиюни тафтишотӣ ташкил намудааст.

Ҳамзамон бо ошкор гаштани номи қурбониёни ин ҳодиса, дар руйхат номи чанд шаҳрванди хориҷӣ низ ба чашм мехурад. Сафорати Амрико дар Исломобод эълон кардааст, ки дар матни ҳавопаймо ду шаҳрванди ин кишвар низ будаст. Як тоҷири австрягӣ низ дар ҷумлаи қурбониён қарор дорад.

Паёми ҳамдардии Раҳмон ба Зардорӣ

Ҳамзамон, ҷомеъаи ҷаҳони ин ҳодисаро ба андуҳи зиёд пазируф. Дабири кулли Созмони миллили Муттаҳид Бан Кӣ Мун дар номаи худ ба нахусвазири Покистон гуфтааст, ки аз ин фоҷиъа "сахт андуҳгин" шудааст.

Раиси ҷумҳури Амрико Борак Обама низ рузи чоршанбе тасаллияти худро ба хонавода ва наздикони қурбониёни ин фоҷиъа ирсол дошт.

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон низ тайи номае ба Осиф Али Зардорӣ, раиси ҷумҳури Покистон, ҳамдардии амиқи худ ва мардуми Тоҷикистонро баён намудааст.
XS
SM
MD
LG