Пайвандҳои дастрасӣ

Тошканд ва Душанбе баҳси обанборро ба таъвиқ гузоштанд


Тоҷикистон ва Ӯзбакистон ба созиш расидаанд, ки баҳси ҳаққи моликият ба обанбори "Фарҳод", воқеъ дар марзи байни ду кишварро то муддати номуайян ба таъхир гузоранд. Ҳамроҳхон Зарифӣ, вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон имрӯз зимни як нишасти матбуотӣ дар Душанбе гуфт, бо ҳамтои ӯзбакаш дар нишасти раисони Шӯрои вазирон Созмони Ҳамкориҳои Шонгҳой ба тавофуқ расидаанд, ки муваққатан аз рӯзномаи гуфтушунидҳои ду ҷониб ҳазф шавад. Баҳси обанбори "Фарҳод" яке аз мавзӯъҳои марбут ба таъин ва аломатгузории марзи муштараки ду кишвар аст ва Узбакистон талош дорад, ин обанборро, ки чархаҳои нерӯгоҳи барқи обии "Фарҳод"-и Узбакистонро ба гардиш меорад, ба моликияти худ табдил диҳад. Ин нерӯгоҳ шаҳри Тошканд ва навоҳи атрофи онро бо барқ таъмин мекунад.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG