Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон аз нав паноҳгоҳи Жаниш Боқиев номида шуд


Ноиби раиси ҳукумати муваққати Қирғизистон, Азимбек Бекназаров дар нишасти хабарӣ дар Бишкек гуфт, Жаниш Боқиев, бародари президенти барканоршудаи Қирғизистон Қурмонбек Боқиев эҳтимолан дар Тоҷикистон пинҳон шудааст. Вай аз полиси байнулмилал ё Интерпол интиқод кард, ки то ҳанӯз дар боздошти президенти пешин ва наздикони ӯ ба Қирғизистон ёрӣ накардааст. Бекназаров ин эҳтимолро низ рад накард, ки Жаниш ва Марат боқиевҳо мумкин аст, дар Туркия бошанд. Мақомоти давлатии Тоҷикистон борҳо ҳузури наздикони раисиҷумҳури барканоршудаи Қирғизистонро дар Тоҷикистон рад кардаанд.
XS
SM
MD
LG