Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мусодираи 1 килограм хоки Тоҷикистон дар фурудгоҳи Русия


Мақомоти гумрукии фурудгоҳи Рошинои вилояти Тюмени Русия аз як шаҳрванди Тоҷикистон як халта тухми гиёҳҳо ва як килограм хок кашф ва мусодира карданд. Ба пурсиши гумрукиён, ки чаро ин мусофир аз Тоҷикистон хок овардааст, дар ҳоле ки дар худи Русия хок зиёд аст, шаҳрванди Тоҷикистон гуфтааст, гиёҳҳо дар хоки ватанаш хубтар месабзанд. Аммо бино бар қонунҳои Русия ворид кардани тухмиҳо бидуни сертификати беҳдоштӣ номумкин ва ворид кардани хок умуман манъ аст.
XS
SM
MD
LG