Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Корхонаи Талко ба буҷаи кишвар чӣ медиҳад?


Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон гуфтааст, ки ҳаҷми андози ба буҷаи давлат воридшуда аз корхонаи алюминиюми Талко ҳудуди 200 миллион сомонӣ аст.

Фаррух Ҳамралиев, вазири рушди иқтисод ва савдо гуфт, ки 9 корхонаи дигар, ки дар ҷумҳурӣ ба маҳсулоти корхонаи алюминиюм кор мекунанд, ҳудуди 80 миллион сомонии дигар андоз ба буҷа ворид мекунанд, ки дар маҷмӯъ 280 миллион сомониро ташкил медиҳад ва муодили 9 дарсади буҷаи солона аст.

Ин дар ҳолест, ки корхонаи алюминиюм қарор аст дар соли ҷорӣ 380 ҳазор тонна алюминиюми аввалияро тавлид ва барои фурӯш ба бозорҳои ҷаҳонӣ арза кунад. Имсол қимати фурӯши алюминиюм дар бозорҳои ҷаҳонӣ нисбати соли гузашт 708 доллар боло рафта, қиммати як тоннаи он ба 2030 доллар расидааст.

Дар 6 моҳи соли ҷорӣ ин корхона 187 ҳазор тонна алюминиюм тавлид кардааст. Корхонаи алюминиюми Тоҷикистон корхонаи давлатист. Ба ҳамин далел мақомоти давлатӣ мегӯянд, ки бахши аъзами буҷаи давлатро ин корхона пур мекунад.

Пули Талко куҷо меравад?

Фаррух Ҳамралиев, вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон
Фаррух Ҳамралиев, вазири рушди иқтисод ва савдо, дар посух ба ин суоли радиои Озодӣ, ки ин корхона чанд дарсади бахши даромади буҷаро таъмин мекунад, хомуширо ихтиёр кард. Суоли дигари матруҳа дар ин нишасти матбуотӣ ин буд, ки пулҳои ба даст омада аз фурӯши алюминиюм куҷо меравад? Ҳеҷ кас аз кормандони Вазорати рушди иқтисод ва савдо ба ин суол посух надод.

Раҳматулло Валиев, коршиноси минтақа, далели хомӯшӣ ихтиёр кардани кормандони Вазорати рушди иқтисод ва савдоро чунин тавзеҳ дод: «Ин корхона ба раисиҷумҳур тобеъ аст ва фаъолияти он аз сӯи дафтари раёсати ҷумҳурӣ контрол мешавад».

Ин дар ҳолест, ки ахиран Гавин Стоддарт, масъули ширкати аудитии Мур Стефенс (Moore Stephens), ки аудити корхонаи Талкоро анҷом дода буд, гуфт, ки тиҷорати алюминиюм дар Тоҷикистон 680 миллион долларро ташкил медиҳад. Ин 680 миллион доллар даромади соф аз фурӯши алюминиюм аст, бидуни масрафҳои дигари ин корхона.

Андози кӯчаки корхонаи бузург

Дар сурате, ки ин корхонаи бузург, ки рӯзона 20 миллион киловат соат нерӯи барқро масраф мекунаду ҳар як киловатт-соатро ба қимати 5 дирам мехарад ва ба буҷа танҳо 200 миллион сомонӣ ворид мекунад, барои мардуми Тоҷикистон ва рушди иқтисод чӣ аҳамияте дорад?

Фаррух Ҳамралиев, вазири рушди иқтисод ва савдо, дар посух ба ин суол гуфт: «Ин корхона нерӯи барқро мехарад. Аз сӯи дигар дар инҷо 14 ҳазор нафар кор мекунад. Ман наметавонам бигӯям, ки пешниҳод дар бораи фурӯши корхонаи алюминиюм пешниҳоди бад аст. Вале мо бояд манфиати ҷумҳуриро ба назар гирем».

Ин дар ҳолест, ки давлат дар фасли гармо нархномаҳои мавсимӣ дар истифодабарии барқ аз сӯи корхонаро ҷорӣ кардааст. Ба гуфтаи вазири рушди иқтисод ва савдо, корхонаи алюминиюм аст, ки барқи зиёдатиро масраф мекунад ва давлат аз он фоида мегирад.

Раҳматулло Валиев, коршиноси тоҷик, мегӯяд, агар барқи масрафкардаи Талко ба хориҷ фурӯхта мешуд, даромади буҷаи кишвар бештар мебуд
Корхонаи зараровар?

Аммо Раҳматулло Валиев, коршиноси минтақа ба ин иддао розӣ нест. Вай гуфт: «Агар барқи масрафкардаи корхонаи алюминиюмро мо ба хориҷа фурӯшем аз маҳсулоти тавлидкардаи он дида бештар арзи хориҷӣ ба даст меорем».

Ба гуфтаи Раҳматулло Валиев корхонаи алюминиюм бо ин қадар масрафот дар сурате ба буҷа метавонад оидоти зиёд ворид кунад, ки давлат корхонаҳои коркарди алюминиюмро дар Тоҷикистон роҳандозӣ кунад.

Масъалаи шаффофияти корхонаи алюминиюм аз мавзуоти доғи рӯз аст. Дар ҳоле, ки аудити ин корхона соли гузашта баргузор шуд ва то ба ҳол мақомоти ин корхона аз чопи натиҷаи он худдорӣ мекунанд. Ба ҳамин далел Сандуқи байналмилалии пул хостори аудити шарики тиҷоратии корхонаи алюминюм - ширкати «Талко менеҷмент» дар минтақаи офшори Бритониё шудааст.
XS
SM
MD
LG