Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Умедвории Амрико аз таҷдиди гуфтугӯҳо бо Эрон


Филип Кровлӣ, сухангӯи вазорати хориҷаи Амрико ҳини нишасти матбуотӣ

Филип Кровлӣ, сухангӯи вазорати хориҷаи Амрико ҳини нишасти матбуотӣ

Иёлоти Муттаҳидаи Амрико изҳори умедворӣ кардааст, ки гуфтугӯи қудратҳои ҷаҳонӣ ва Эрон бар сари барномаи ҳастаии Теҳрон дар ояндаи наздик дар сатҳи мақомҳои баландпоя баргузор шавад.

Филип Кровлӣ, сухангӯи Вазорати хориҷаи Амрико, гуфт, Вошингтон умедвор аст, ки дар ҳафтаҳои оянда музокирот бо Эрон бар сари мубодилаи сӯхти ҳастаӣ анҷом хоҳад шуд.

Ба гуфтаи ӯ, давлати Эрон зимни номае унвонии Оҷонси байнулмилалии энержии атомӣ барои идомаи музокирот дар мавриди ҷузъиёти мубодилаи сӯхти ҳастаӣ ибрози омодагӣ кардааст ва рӯнавишти ин нома дар Вошингтон мавриди баррасӣ қарор дорад.

Сухангӯи Вазорати хориҷаи Амрико гуфт, Вошингтон комилан омодаи гуфтугӯ бо Эрон бар сари таҳияи сӯхти атомӣ аст ва умедвор аст, ки музокироти нав натоиҷи мусбат хоҳад дошт.

Хушбинии Амрико ба таҷдиди гуфтугӯҳо бо Теҳрон дар ҳолест, ки музокироти қаблии қудратҳои ҷаҳонӣ бо Эрон дар мавриди барномаи ҳастаии ин кишвар бенатиҷа анҷом ёфта буд. Теҳрон пешниҳоди Оҷонси байнулмилалии атомӣ дар бораи мубодилаи сӯхти ҳастаӣ тавассути Русия ва Фаронсаро рад кард ва гуфтугӯҳо ба бунбаст рӯбарӯ шуд.

Тибқи пешниҳоди Оҷонси байнулмилалии атомӣ, Эрон мебоист аз хориҷ сӯхти ҳастаиро барои барномаҳои атомии худ ворид мекард ва аз ғанисозии ураниюм даст мекашид. Ин оҷонс ва қудратҳои ҷаҳонӣ шубҳа доранд, ки Эрон бо ғанисозии ураниюм метавонад ба силоҳи ҳастаӣ даст ёбад.

Шарти нави Теҳрон барои азсаргирии музокирот анҷоми мубодилаи сӯхти ҳастаӣ дар қаламрави Туркия ва ё Бразилия мебошад, ки аз кишварҳои ҷонибдори барномаи ҳастаии Теҳрон маҳсуб мешаванд.

Вазири хориҷаи Туркия низ ахиран эълон кард, ки Эрон ба ин кишвар итминон додааст, дар сурати мувофиқати қудратҳои ҷаҳонӣ бо тарҳи пешниҳодии мубодилаи сӯхт, Теҳрон ғанисозии 20 дарсадии ураниюмро мутаваққиф хоҳад кард.
XS
SM
MD
LG