Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

IMF ба Украина 15 миллиард доллар қарз медиҳад


Сандуқи байналмилалии пул барномаи 15 миллиард доллар қарз ба Украина ба манзури рафъи авоқиби бӯҳрони иқтисодиро тасвиб кард. Ин ниҳоди молӣ мегӯяд, ин барнома барои 29 моҳ таҳия шуда, 1,9 миллиард доллараш билофосила дар ихтиёри Киев қарор хоҳад гирифт.
Ҷон Липскӣ, муовини аввали мудири Сандуқи пул гуфт, Украина аз як шароити сахте берун мешавад, ки иқтисодаш дар ҷараёни ин давра ба як силсила такконҳои шадид дучор шуд.
Ин ниҳод дар ивази кӯмакҳояш аз Украина ислоҳоти фарогири сохторӣ дар иқтисоди ин кишварро тақозо дорад.
XS
SM
MD
LG