Пайвандҳои дастрасӣ

Боздошти автобусе, ки 1,8 миллион км роҳ рафтааст


Пулиси Берлин автобуси фарсудаеро боздошт кард, ки аз Латвия тавассути пойтахти Олмон роҳии Швейтсария будааст. Маълум шуд, ки ин автобуси дуқабата алакай 1 миллиону 800 ҳазор километрро роҳро тай кардааст, ки баробари ду сафари рафту бозгашт ба Моҳ мебошад. Муоинаи пулис маълум кард, ки ин автобус чунон фарсуда шудаву занг зада, шишаҳояш ҷағ овардаанд, ки дигар барои сафар кор намеояд.
Ба ронанда ва мусофирони автобуси боздоштшуда, ки сайёҳон будаанд, маслиҳат додаанд, ки сафари худ ба Швейтсарияро бо ягон мошини амнтар идома диҳанд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG