Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қочоқи маводи мухаддир имсол 25 фоиз коҳиш меёбад


Тоҷикистон интизор дорад, ки имсол ба далели пешбурди сиёсатҳои беҳтар ва ҳамлаи як навъи ҳашарот ба майдонҳои кишти кӯкнор мизони қочоқи маводи мухаддир аз Афғонистон коҳиш хоҳад ёфт. Ҳалимҷон Маҳмудов, як масъули Ожонси мубориза бо қочоқи маводи мухаддири Тоҷикистон гуфтааст, тайи 6 моҳи аввали соли ҷорӣ назар ба ҳамин давраи соли гузашта ҳаҷми кашфу мусодираи маводи мухаддир дар Тоҷикистон беш аз 30 дарсад камтар шудааст. Ба пешбинии ин ниҳод, қочоқи маводи мухаддири афғонӣ аз тариқи Тоҷикистон имсол то 25 дарсад коҳиш хоҳад ёфт.
Афғонистон бузургтарин тавлидкунандаи афюни ҷаҳон маҳсуб мешавад. Афюн ашёи хом барои тавлиди ҳероин аст.
XS
SM
MD
LG