Пайвандҳои дастрасӣ

Тафтиши дӯконҳои фурӯши наворҳои мазҳабӣ


Кумитаи радио ва телевизиони Тоҷикистон мегӯяд, бар асоси шикояти сокинони Душанбе ба тафтиши дӯконҳои дискфурӯшӣ дар бозорҳои пойтахт шурӯъ кардааст. Хайриддин Зайниддинов, мудири корхонаи давлатии «Тоҷиккино» мегӯяд, ин тафтиш дар тамоми бозорҳои Душанбе доир мешавад. Аммо ба гуфтаи фурӯшандагон, мақомот дӯконҳоеро тафтиш мекунанд, ки наворҳои мазҳабӣ мефурӯшанд. Таҳлилгарон ин иқдомро идомаи талошҳои давлат ба хотири ҷилавгирӣ аз исломишавии ҷомиаи Тоҷикистон меноманд.
XS
SM
MD
LG