Пайвандҳои дастрасӣ

Умеди Амрико ва ИА ба оғози гуфтугӯ бо Эрон


Амрико ва ИА мегӯянд, умедворанд, ки музокироти қатъшуда байни Эрону қудратҳои ҷаҳонӣ ба зудӣ аз сар гирифта хоҳад шуд. Раҳбари идораи сиёсати хориҷии ИА Кетрин Эштон гуфт, ин музокирот бояд танҳо рӯи барномаҳои ҳастаии Эрон тамаркуз кунад. Сухангӯи вазорати хориҷаи Амрико Филлип Кровлӣ гуфт, Вошингтон умедвори ба зудӣ доир шудани як музокирот дар сатҳи баланд байни Эрону қудратҳои муҳими ҷаҳонист, ки талош доранд аз идомаи барномаҳои баҳсбарангези ҳастаии Эрон ҷилавгирӣ шавад. Ғарб бар ин гумон аст, ки Эрон қасд дорад ураниуми ғанишударо барои сохтани силоҳҳои ҳастаӣ истифода барад. Аммо Эрон мегӯяд, аҳдофаш аз ғанисозӣ даст ёфтан ба сӯхти мусолиматомез аст.
XS
SM
MD
LG