Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Задухӯрди байни узбакҳову қирғизҳо дар Маскав


Задухӯрди байни муҳоҷирони узбаку қирғиз дар Маскав мунҷар ба ҷароҳатҳои вахим бардоштани як нафар шудааст. Шаби 26 июл дар задухӯрд дар назди истгоҳи метрои Профсоюзная дар пойтахти Русия даҳҳо нафар ширкат карда, яке аз онҳо бо чандин захми корд ба бемористон мунтақил шудааст. Алмос Абдисиёев, намояндаи сафорати Қирғизистон дар Маскав гуфтааст, ки чандин нафарро бо иттиҳоми ташкили ин хушунатҳо дастгир кардаанд.
Дар моҳи июн аз як мавриди чунин задухӯрди байни узбакҳову қирғизҳо дар истгоҳи роҳи оҳани Қазон дар Маскав ҷилавгирӣ шуда буд. Ин хушунатҳо дар пасманзари даргириҳои хунини қавмии моҳи июн дар ҷануби Қирғизистон аст, ки беш аз 300 кушта ба ҷо гузошт.
XS
SM
MD
LG