Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳукумати Русия феҳристи фурӯши ширкатҳоро таъйид кард


Мақомоти Русия мегӯянд, ҳукумати ин кишвар розӣ шудааст, ки дар идомаи раванди навбатии хусусӣ кардани ширкатҳо 11 ширкати давлатӣ хусӯсӣ карда шавад. Алексей Уваров-вазири рушди иқтисодӣ гуфт, дар бораи феҳристи ин ширкатҳо вазорати вай ва вазорати молияи Русия ризоят додаанд. Дар ин феҳрист ширкатҳои бузурги Сбербанк ва Роснефт низ ҳастанд. Матбуоти Русия навиштааст, фурӯши ин ширкатҳо метавонанд ба будҷаи давлат ҳудуди 300 миллиард рубл баробар бо 10 миллиард доллар даромад орад.
XS
SM
MD
LG