Пайвандҳои дастрасӣ

Раҳбари пешини Босния мисли қаҳрамон ба Ватан баргашт


Эюп Ганич-муовини пешини раиси ҷумҳури собиқи Босния ба Сараева бозгашт ва аз вай мисли як қаҳрамон пазироӣ карданд. Як рӯзи пеш қозии додгоҳи Британия вайро одами озод эълон кард ва бад-ин тариқ дархости Сербистонро, ки Ганич бояд ба Сербистон супурда шавад ва вай барои ҷиноёти ҷангӣ бояд маҳкум шавад, беэътибор донист эълон кард. Моҳи марти соли ҷорӣ Ганич бо дархости Сербистон боздошт шуда буд. Аз вай ҳангоми бозгашт ба Сараево дар фурудгоҳ садҳо нафар ҷонибдоронаш бо парчамҳои Боснияву Британия пазироӣ карданд. Сербистон иддао мекард, ки Ганич дар ҷанги солҳои 1992-95 фармон додааст, ки ба сарбозони Югославия ҳамла кунанд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG