Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қирғизҳову узбакҳо дар Маскав бо ҳам задухӯрд кардаанд


Дар муноқишаҳои миёни муҳоҷирони кории узбаку қирғиз дар Маскав як нафар сахт маҷрӯҳ шудааст. Даҳҳо нафар узбакону қирғизҳо дар истгоҳи метрои Профсоюзная рӯзи душанбеи 26-ӯми июл бо ҳам заду хӯрд кардаанд. Як нафар бо захми корд дар шифохона бистарӣ шудааст. Алмаз Абдисияев-намояндаи расмии сафорати Қирғизистон дар Мскав гуфтааст, 4 нафар барои созмондиҳии ин моҷаро боздошт шудаанд. Моҳи гузашта пулис аз чунин муноқиша дар истгоҳи метрои Казансий пешгирӣ кард. Ин муноқишаҳо пайомадҳои даргириҳои қавмии миёни қирғизҳову узбакҳо дар ҷануби Қирғизистон аст.
XS
SM
MD
LG