Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Кобул телевизиони хусусии "Имрӯз"-ро бастанд


Ҳукумати Афғонистон телевизиони хусусии "Имрӯз"-ро, ки ба Наҷибулло Кобулӣ -узви порламони ин кишвар тааллуқ дорад, дар Кобул баст. Ин рӯйдоди бесобиқа аст. Наҷибулло дар як сӯҳбати телефонӣ ба бахши "Афғонистони Озод"-и радиои Озодӣ гуфт, тасмими ҳукумат дар бораи бастани телевизион ангезаи сиёсӣ дорад. Вай гуфт, ин телевизион талош дошт, парда аз рӯи мудохилаҳои Эрон дар корҳои Афғонистонро бардорад. Наҷибулло Кобулӣ баъзе аз сиёсатмадорон ва аҳзоби сисёсиро муттаҳам кард, ки ба Ҳомид Карзай фишор овардаанд, то ин телевизионро бибандад. Абдулҳмид Мубориз-раиси иттиҳодияи хабарнигорони Афғонистон ин тасмими ҳукуматро ғайриқонунӣ хонд:
"Аз он ҷо, ки Қонуни Асосӣ ва қонуни расонаҳо вуҷуд дорад, ин вазифаи тахаттии расонаҳо ва махсусан вазорати иттилоъоту фарҳанг буд, то дар мавзӯи телевизиони "Имрӯз" ва барномаҳои телевизионҳои "Тулӯъ" ва "Як" тасмим мегирифт".

Аз сӯи дигар, Ҳаким Ошер-раиси маркази матбуотии ҳукумати Афғонистон гуфт, далели тасмим дар бораи бастани ин телевизион он будааст, ки ин шабака хусуматҳои мазҳабиро дар кишвар доман мезадааст ва он метавонад ба ваҳдати миллӣ халал ворид кунад.
XS
SM
MD
LG