Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Машқҳои низоми Амрикову Кореяи Ҷанубӣ ба поён расид


Машқҳои чаҳоррӯзаи низомии Амрико ва Кореяи Ҷанубӣ, ки дар марҳалаи таниши муносиботи миёни ду Корея анҷом гирифт, бидуни ҳодисае имрӯз ба поён расид. Дарёсолор Ким Кюнг-сик як низомии боломақоми Кореяи Ҷанубӣ дар поёни ин машқҳо дар нишасти хабарие дар Сеул гуфт:

"Ин имкони хубе буд, то мо ба таври хеле самарбахш мавзеъгириҳои стротегии худ ва тавоноии худро барои иҷрои амалиёт, аз ҷамла машқҳои зидди киштиҳои зериобӣ беҳбуд бахшем".


Дар ин машқҳо 20 киштӣ ва 8000 нафар низомӣ ширкат карданд. Машқҳо баъд аз он баргузор шуд, ки як киштии низомии Кореяи Ҷанубӣ дар моҳи март ғарқ шуда буд ва Вошингтон дар ин кор Кореяи Шимолиро гунаҳгор медонад.
XS
SM
MD
LG