Пайвандҳои дастрасӣ

Олмон аз Туркия дар баҳси ҳастаии Эрон ситоиш кард


Гуйдо Вестервелле-вазири хориҷаи Олмон имрӯз аз Анкара ситоиш кард, ки дар мубоҳисоти ҳастаии Эрон миёнравӣ мекунад. Вай зимни суханони худ дар Истамбул гуфт, "мо аз талошҳои дипломатии Туркия ва ҳамчунин Бразилия истиқбол мекунем, ки Эронро ба самти музокирот мебаранд". Интизор меравад, ки ин музокирот миёни Теҳрон ва Иттиҳодияи Аврупо моҳи сентябр баргузор шавад. Вестервелле ин суханонро баъд аз мулоқоташ бо Аҳмет Довутоғлу-вазири хориҷаи Туркия изҳор дошт. Интизор меравад, ки Вестервелле бо Речеп Тайип Эрдуғон-нахуствазири Туркия низ дидор ва гуфтугӯ кунад.
XS
SM
MD
LG